Дар чанд ҷумла
ИМА ҳамчун кӯмак ба буҷаи Украина $4,5 млрд ҷудо мекунад

ИМА ба ҳукумати Украина дар ҳаҷми 4,5 млрд доллар кӯмаки молӣ мерасонад, ки ин кӯмак ба пӯшонидани харҷи буҷа, аз ҷумла пардохти барқу гармии беморхонаву мактабҳо ва музди меҳнатӣ пизишкон, омӯзгорон ва дигар ходимони шаҳрвандӣ сарф мешавад.
Дар ин бора дар сомонаи Оҷонси ИМА дар умури рушди байналхалқӣ хабар дода шудааст.
Нахустин интиқол дар ҳаҷми 3 млрд доллар дар давоми моҳи август сурат мегирад.
Кӯмаки нави молӣ ба Украина дар ҳолест, ки ҷанг моҳи шашум аст давом дорад, миллионҳо украинӣ маҷбур ба тарки хонаҳояшон шудаанд ва ҳукумат аз норасоии газ дар фасли зимистон ҳушдор медиҳад. Бино ба баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ, 55 дарсади украинҳо ба далели ҷанг то соли 2023 камбизоат хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки то оғози ҷанг ҳамагӣ 2,5 дарсади украинҳо камбизоат буданд.
Пештар аз ин ИМА барои буҷаи Украина, дар моҳи июл 1,7 млрд ва дар моҳи июн 1,3 млрд доллар кӯмак карда буд. Вашингтон ҳамчунин дар ҳаҷми миллиардҳо доллар ба Украина кӯмаки низомӣ мерасонад. Рӯзи душанбе вазорати молияи ИМА хабар дод, ки дар ҳаҷми 1 млрд доллар ба Украина аслиҳа мефиристад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Тоҷикистон ихроҷи муҳоҷирони афғонро тасдиқ кард ва сабабҳояшро ҳам гуфт

Мақомоти тоҷик ба таври расмӣ ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз Тоҷикистон тасдиқ карданд ва сабабҳои онро шарҳ доданд. Дар рӯзҳои ахир мавзуи ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон, дар расонаҳо сару садоеро ба миён оварда буд.
Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 19 июл бо нашри як изҳорот, ки хабаргузории давлатии "Ховар" онро нашр кард, ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, ки бархе онҳо ба таври "ғайриқонунӣ" вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо "низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд".
Ба гуфтаи манбаъ, санҷишҳо маълум кардаанд, ки "ин афрод дар ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари севум, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунини маводи мухаддир, даст доштаанд.
Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки берун кардани шумори муайяни шаҳрвандони Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон дар ҳамин чорчӯба сурат мегирад.
Дар изҳороти мақомоти тоҷик гуфта нашудааст, ки чӣ миқдор аз паноҳандагони афғонистониро тайи рӯзҳои ахир ба кишварашон баргардондаанд.
Ҳафтаи гузашта чанд расонаи маҳаллии Афғонистон бо истинод ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони афғонистонӣ 15 рӯз муҳлат додаанд, то кишварро тарк кунанд.
Давоми ҳафтаи ҷорӣ дар расонаҳо наворҳое нашр шуд, ки эҳтимолан ба таври маҷбурӣ ба микроавтобусҳо бор кардани паноҳҷӯёни афғонистонии муқими Тоҷикистонро нишон медод.
Рӯзи 17 июл шуморе аз муҳоҷирони афғон дар шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "се автобуси навъи "Газел" омада даҳҳо нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ва мардонро" бурданд.
Ҳамсояҳои тоҷики онҳо ҳам тасдиқ карданд, ки шоҳиди бурда шудани шуморе аз муҳоҷирон буданд ва баъди ин бисёре аз паноҳҷӯёни дигар талош мекунанд дар хона ваё ҷойҳои амни дигар паноҳ ёбанд ва берун набароянд, чун аз боздошту баргаштан ба Афғонистон ҳарос доранд.
Ин муҳоҷирони афғон мегӯянд, ки бо виза ва ба таври қонунӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд ва дар ниҳодҳои кор бо паноҳандагон сабти ном ҳастанд.
Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки паноҳҷӯёни афғонистониро ихроҷ накунад, зеро эҳтимол дорад дар кишварашон бо озору азият рӯбарӯ шаванд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, ки аз тарси "Толибон" ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Оғози парвозҳои "Centrum Air" дар хатсайри Тошканд-Душанбе

Оҷонси авиатсияи мулкии Тоҷикистон аз оғози парвозҳои мустақими ширкати "Centrum Air" дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд, хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, аввалин парвози ҳавопаймои ин ширкат миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 19 июл сурат гирифт.
Дар ин хатсайр ширкатии тоҷикистонии "Сомон Эйр" ва "Uzbekistan Airways"-и Узбекистон ҳам парвозҳо анҷом медиҳанд.
Роҳандозии парвозҳои нав дар хатсайри Тошканд-Душанбе дар ҳоле аст, ки моҳи гузашта ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ сиёсати "Осмони боз"-ро эълон кард. Қарори ҳукумат 12-уми июн тасвиб шуд.
Бар асоси тартиби нав, Тоҷикистон низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳоро бекор мекунад. Қаблан парвозҳо ба Тоҷикистон ё аз инҷо ба дигар кишварҳо, миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ширкатҳои давлати дигар баробар тақсим мешуд.
Бар асоси қарори ҳукумат, инчунин бисёр маҳдудиятҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бекор карда мешавад. Аз ҷумла, ҳамаи маҳдудиятҳо дар зичии парвозҳо ва ё шумораи ҷойҳои нишаст, шумораи таъинот дар хатсайр, маҳдудиятҳои тарифӣ барои интиқоли байналмилалии ҳавоӣ ва маҳдудиятҳо барои шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз байн бурда мешаванд.
"Осмони боз" як таҷрубаи байналмилалӣ аст, ки назорати давлатро бар таъйини хатсайрҳо, нархи билети парвоз ва бисёр маҳдудиятҳо аз байн мебарад.
Масъалаи ҷорӣ кардани низоми "Осмони боз" дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 дар як ҷаласаи шӯрои машваратии беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд. Он замон президент ба Оҷонси ҳавонавардӣ супориш дода буд, ки барои амалӣ кардани ин сиёсат ва бештар кардани хатсайрҳои ҳавоӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Бархе коршиносон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, инҳисорталабон ё монополистони бозори ҳавоӣ дар кишвар иҷозаи пурра амалӣ шудани низоми "Осмони боз"-ро шояд надиҳанд.
Додгоҳ ба USAGM дастур дод, ки ҳама пули Радиои Озодиро "сари вақт" пардохт кунад

Ройс Ламберт, як додраси ноҳиявӣ дар Амрико дархости Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои содир кардани ҳукми ибтидоӣ дар парвандаи шикоятҳои ин ниҳод алайҳи Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико ё USAGM-ро, пазируфт.
Додрас дар ҳукми худ ба USAGM дастур дод, то пули боқимондаи соли молии 2025-ро, ки аз сӯи Конгресс барои Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ ҷудо шудааст, сари вақт пардохт кунад.
Бар асоси ҳукми додрас Ройз Ламберт, шартгузории Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико ё USAGM ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки ин маблағро танҳо дар сурати қабули шартҳои нав пардохт хоҳад кард, нақзи қонун мебошад.
Додрас навишт, "то онҷо, ки додгоҳ маълумот дорад, бесобиқа аст, ки як созмон дархост кунад шароити тамоман нав бар робитаи кории чанд даҳсолаи ин созмон бо як ниҳоди дарёфткунандаи кӯмаки молӣ ҳоким шавад ва сипас посухгӯиро мутаваққиф кунад, ба вижа вақте, ки ин созмон аз назари қонунӣ вазифадор аст будҷаи солонаи қабулшудаи Конгрессро ба ниҳоди хос, ки бо зикри ном мушаххас шудааст, пардохт кунад".
Додгоҳ изҳор дошт, ки "бетавҷҷуҳии ошкори USAGM ба "масъулиятҳои молии худ" боис шудааст, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ маҷбур шавад шуморе аз кормандонашро ба рухсатии каммуз фиристад, барномаҳояшро лағв кунад ва ин ба нуфузи ҷаҳонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки тӯли чандин даҳа ба даст оварда буд, латма бизанад".
Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озод гуфт, "ҳукми имрӯзи додгоҳ авҷи талошҳои қонунии беист барои водор кардани USAGM ба пардохти буҷаи лозим барои анҷоми маъмурияти муҳими Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ аст. Борҳо ва борҳо додгоҳ дар мавриди мавзуи асосии пардохти будҷаи ҷудошуда аз сӯи Конгресс, ба нафъи мо ҳукм содир кардааст".
Ӯ афзуд, "ин пирузӣ ба рузноманигорони мо ангезаи лозим медиҳад, то ҳар ҳафта ба ҳудуди 47 миллион нафаре, ки барои дарёфти ҳақиқат ва муқобила бо таблиғоти вайронгари ҳукуматҳои авторитарӣ ба рӯзноманигории мо такя мекунанд, дастрасӣ дошта бошанд. Акнун, беш аз ҳар вақти дигаре, набояд фазои хабариро ба ҳукуматҳои авторитарӣ вогузор кунем".
Рӯзи 14-уми март имсол, USAGM ҳудуди 75 миллион доллар буҷаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро барои моҳҳои март-сентябри соли 2025 боздошт.
Ин кор пас як дастури президент Доналд Трамп анҷом шуд, ки фармон дода буд харҷи кори ҳафт идора, азҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо коҳиш дода шавад.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин корро "ғайриқонунӣ" хонд ва алайҳи USAGM иқдоми қонунӣ кард.
Исроил ва Сурия "бо оташбас мувофиқат карданд"

Том Баррак, сафири Амрико дар Туркия эълон кард, ки Исроил ва Сурия бо оташбасе, ки Туркия, Урдун ва ҳамсоягон аз он пуштибонӣ мекунанд, мувофиқат карданд.
Том Баррак ки фиристодаи вижаи Амрико дар умури Сурия низ аст, бомдоди 19 июл дар шабакаи Х навишт, "нахуствазири Исроил ва раисҷумҳури Сурия бо ҳимояти вазири корҳои хориҷии Амрико бо оташбасе, ки мавриди истиқболи Туркия, Урдун ва ҳамсоягонаш қарор гирифт, мувофиқат карданд".
Сафири Амрико дар Туркия афзуд, "мо аз друзҳо, бодиянишинҳо ва сунниҳо мехоҳем, ки силоҳҳои худро ба замин бигузоранд ва ҳамроҳ бо ақалиятҳои дигари суриягӣ муттаҳид шаванд ва бо ҳамсоягони худ сулҳ барқарор кунанд".
Ҳануз ҷузъиёти бештаре дар ин бора эълон нашудааст ва мақомҳои исроилӣ ва суриягӣ низ вокуниши расмӣ нашр накардаанд.
Даври нави даргириҳо байни ақалияти друзҳо бо қабилаҳои бодиянишин дар шаҳри Сувайдо, дар ҷануби Сурия ҳафтаи гузашта оғоз шуд ва пас аз он неруҳои давлатии Сурия ба ин минтақа фиристода шуданд.
Исроил неруҳои давлатии Сурияро ба пуштибонӣ аз қабилаҳои суннӣ муттаҳам кард ва онҳоро ҳадаф қарор дод. Неруҳои суриягӣ рузи чаҳоршанбе бар асоси як созиш аз ин минтақа ақибнишинӣ карданд.
Исроил дар рузҳои ахир ҳамлаҳои худ ба ҷануби Исроилро афзоиш дод ва рузи 16 июл атрофи қасри президентӣ ва вазорати дифои Сурия дар Димишқро ҳадаф қарор дод.
Рузи 18 июл як мақоми исроилӣ эълон кард, ки кишвараш мувофиқат кардааст, ки ба неруҳои давлатии Сурия иҷозаи дастрасии маҳдуд ба минтақаи Сувайдо барои ду рузро бидиҳад, то ба даргириҳо поён диҳанд.
Ба иттилои созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, дар даргириҳои ахир 600 нафар ҷон бохтанд, ки наздик ба 180 нафари онҳо нерӯҳои давлатӣ мебошанд.
"Таҳримҳои нав ба қалби мошини ҷангии Русия зарба мезанад" - Урсула вон дер Лейен

Иттиҳоди Аврупо бастаи 18-уми таҳримҳои зидди Русияро дар робита бо ҷанги идомаёбанда дар Украина қабул кард. Ин навбат соҳаҳои нафту энержии Русия мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.
Урсула вон дер Лейен, раиси Комиссиюни Аврупо гуфт, “мо ба қалби мошини ҷангии Русия зарба задем. Соҳаҳои бонкдориву энержӣ, саноати ҳарбӣ ва ҳам бахши нархгузории нафтро ҳадаф қарор додем.
Фишор идома дорад ва то замоне пойбарҷо хоҳад буд, ки Путин ба ҷанг хотима набахшад”. Ҷузъиёти вобаста ба таъини нархи ҳадди аксари нафт маълум нест, вале Reuters дар нақли қавл аз чанд дипломат навишт, ки бастаи таҳримҳо нархи нафти фурӯшии Русияро то 47,6 доллар барои як бушка нигоҳ хоҳад дошт.
Таҳримҳо инчунин манъи додугирифтҳо тавассути лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ” ва таҳрими киштиҳои махфии флоти соягии Русияро дар бар мегиранд. Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, “Паём хеле рӯшан аст: Аврупо кӯмакашро ба Украина коҳиш намедиҳад.
Иттиҳоди Аврупо фишорро болои Русия то замоне, ки ҷангро хотима надиҳад, афзоиш хоҳад дод”.
Медали намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи гуштии озод дар Будапешт

Магомед Евлоев, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии рейтингии гуштии озод “Ёдбуди Имре Пойяк ва Янош Варга”, ки рӯзи 17-уми июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
Дар ин мусобиқаи рейтингӣ дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ ба хотираи қаҳрамонҳои Бозиҳои олимпӣ, паҳлавонони Маҷористон Имре Пойяк ва Янош Варга ҳамасола дар Будапешт варзишгарон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон иштирок мекунанд.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар риштаи гуштии озод миёни мардон аз рӯи 10 вазн сурат гирифт, Тоҷикистонро танҳо як нафар – Магомед Евлоев – намояндагӣ карда, ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.
Евлоев дар вазни то 79 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ муқобили Лукас Марко Каҳнт аз Олмон бо ҳисоби 4:1 дастболо гардида, дар чаҳорякфинал Чандермоҳан Чандермоҳанро аз Ҳиндустон (8:8) шикаст дод ва ба нимфинал баромад.
Вай дар даври ниманиҳоӣ бар Георгиос Кугиоумтсидис, собиқ қаҳрамони Аврупо аз Юнон, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Аммо Евлоев дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи Гурҷистон Владимир Гамкрелидзе бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Паҳлавони гурҷӣ бо медали тилло ва Евлоев бо нишони нуқра сарфароз гаштанд.
Дар ин вазн паҳлавони эронӣ Фариборз Фаромарз Бобоёроғонӣ ва гуштигири юнонӣ Георгиос Кугиоумтсидис бо нишонҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) бо сабаби сари вақт нагирифтани раводид дар мусобиқаи Будапешт иштирок карда натавонист.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи паҳлавони машҳури турк Яшар Доғу, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон ва Аврупо, ки рӯзҳои 26-29-уми июни имсол дар шаҳри Коҷаэлии Туркия баргузор шуда буд, ду медали тилло ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки миёни мардон аз рӯи 10 вазн сурат гирифт, варзишгарони беш аз 20 кишвар иштирок карданд.
Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кило дар даври ниҳоӣ муқобили Ислом Ҳусейнов аз Беларус дастболо шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Магомед Евлоев дар вазни то 79 кило дар даври ниҳоӣ бар Рамазон Сарӣ аз Туркия пирӯз гардид.
Абдулмаҷид Кудиеви 25-сола ва Магомед Евлоеви 26-сола, ки ҳарду зодаи Русия мебошанд, шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфтаанд ва аз ибтидои соли 2023 ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дохиланд.
$ 500 ҳазори БОР барои рушди бимаи иҷтимоии Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд (БОР) грантеро дар ҳаҷми 500 ҳазор доллар барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар навсозӣ ва рақамикунии низоми бимаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа тақдим мекунад.
Ин маблағ барои омода кардани тарҳи ояндаи сармоягузорӣ ба пойдевори бимаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, эҷоди низоми иттилоотӣ дар бораи гирандагони нафақа дар назди Оҷонсии суғуртаву нафақаи иҷтимоии Тоҷикистон сарф хоҳад шуд.
Иҷрои ин тарҳ аз ҷониби БОР барои соли 2026 дар назар гирифта шудааст.
Пешниҳод барои эм кардани муҳоҷирон зидди менингит дар Русия

Шӯрои ҳуқуқи башари тобеи раиси ҷумҳури Русия қасд дорад, масъалаи ваксинзании муҳоҷиронеро, ки нияти кор дар қаламрави ин кишварро доранд, баррасӣ кунад. Дар ин бора Олга Демичова, як узви ин шӯро рӯзи 17-уми июл хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби дар миён гузоштани ин масъала, хуруҷи бемории менингит аст, ки гӯиё муҳоҷирон ҳам ба Русия овардаанд. Менингит илтиҳоби пардаҳои муҳофизатии мағзи сар аст, ки дар сурати бемуолиҷа гузоштан то ба марг мерасонад.
Дафтари матбуоти Шӯрои ҳуқуқи башари Русия суханони Олга Демичоваро овардааст, ки гуфтааст: “Масъалаи амният ва пешгирӣ аз хуруҷи чунин беморӣ ба ваксинзании аҳолии Русия ва ваксинзании ҳатмии онҳое робита мегирад, ки мехоҳанд, дар қаламрави кишвари мо кор кунанд, то ки ин одамон сарчашмаи бемориҳои сироятӣ набошанд".
Чанде пеш Владимир Чуланов, сартабиби бемориҳои сироятӣ дар вазорати тандурустии Русия гуфтааст, ки аз аввали имсол то кунун дар Русия 1200 мавриди сирояти менингит сабт шудааст, ки назар ба соли гузашта ду баробар бештар аст.
Ба иддаои Чуланов, сабабгори хуруҷ муҳоҷирони корие ҳастанд, ки ба Русия меоянд. Хабари мазкур дар пасманзари авҷ гирифтани муҳоҷирситезӣ дар Русия дар расонаҳои ин кишвар нашр мешавад, ки ҳомиёни ҳуқуқ онҳоро ба бадномсозии муҳоҷирон муттаҳам мекунанд.
Дар роҳҳои Тоҷикистон рӯзона як ё ду нафар ба ҳалокат мерасанд

Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар муддати камтар аз ду рӯз 10 нафар ҷон бохта ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд.
Вазорати умури дохилӣ рӯзи 14-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ теъдоде аз садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои маргборро тасвир кардааст, ки рӯзҳои 12-ум ва 13-уми июл дар гӯшаҳои гуногуни кишвар сурат гирифтаанд.
Дар миёни қурбониён зоҳиран се узви як хонавода аз ноҳияи Вахш низ ҳастанд, ки дар натиҷаи садамаи моторолер ҷон додаанд. Дар баёния омадааст, фалокат рӯзи 12-уми июл дар ноҳияи Вахш ба вуқуъ пайвастааст.
Раҷабалӣ Саидалиев, ронандаи мотороллери "Муравей" ҳамроҳ бо 9 мусофире, ки дошт, ба чуқурӣ афтодаанд, ки дар натиҷа се мусофир, ки ғолибан хоҳаронанд, ҳалок шудаанд ва чаҳор нафари дигар чароҳат бардоштаанд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.
Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 552 нафар ва ё рӯзона аз як то ду кас дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, ё дар ҷойи ҳодиса ва ё дар шифохона ҷон додаанд.
Ҳалокати 69 нафар дар сухтори як маркази тиҷорӣ дар Ироқ

Бар асари оташсузӣ дар як маркази тиҷорӣ дар шаҳри Кут дар шарқи Ироқ, дастикам 69 нафар ҷон бохта, 11 тани дигар то ҳануз нопадид ҳастанд.
Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" бо такя ба мақомоти тандурустӣ ва интизомии шаҳри Кут, хабар додааст.
Дар видеоҳое, ки аз ин ҳодиса дар расонаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, шуълаҳои калони азими оташ дар торикии шабона мушоҳида мешавад ва оташнишонҳо бо истифода мошинҳои обпош дар ҳоли хомуш кардани сухтор ҳастанд ва мардум низ ба кумаки онҳо шитофтаанд.
Алӣ Ал-Миёҳӣ аз мақомҳои шаҳри Кут ба "Рейтерз" гуфтааст, ки "ҷасадҳои бештаре ҳануз зери вайронаҳо мондаанд".
Сабаби ин оташсузӣ ҳанӯз маълум нест. Аммо тибқи таҳқиқоти ибтидоӣ, оташ аз табақае шуълавар шуд, ки дар он атр ва ашёи ороишӣ фурухта мешуд.
Шаҳрдори Кут гуфтааст, ки алайҳи соҳиби бино ва маркази харид, шикоят шудааст.
Дар соли 2023, беш аз 100 нафар пас аз оташсузӣ дар як толори арусӣ дар як шаҳри воқеъ дар шимоли Ироқ, ба ҳалокат расида буданд.
Тавофуқномаи бунёди роҳи оҳан аз Узбекистон то Покистон имзо шуд

Афғонистон, Покистон ва Узбекистон созишномаи омӯзиши имкониятҳои бунёди хатти роҳи оҳанро имзо карданд. Ин тарҳ бунёди роҳи оҳан аз Узбекистон то Покистонро дар назар дорад.
Дар маросими имзои ин тавофуқнома, ки рузи 17-уми июл дар Кобул доир шуд, вазирони корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, Покистон ва Узбекистон Амирхон Муттақӣ, Исҳоқ Дор ва Бахтиёр Саидов, иштирок доштанд.
Агар ин тарҳ анҷом шавад, Узбекистон аз роҳи Афғонистон ба Покистон пайваст мешавад ва кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ба бандарҳои баҳрии Покистон дастрасӣ пайдо кунанд.
Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои ғоратгариву роҳзанӣ афзудааст

Бино ба омори расмӣ, теъдоди ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла ғоратгариву роҳзанӣ дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи имсол ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд шудааст.
Рақамҳои изтиробангез, ки Оҷонси давлати омор нашр кардааст, нишон медиҳанд, ки аз моҳи январ то майи имсол дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазору 700 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба 5 моҳи соли гузашта 1080 ҷиноят бештар аст.
Дар ин давра 44 ғоратгарӣ сурат гирифтааст, 17 мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва ё қасди таҷовузро ҳам сабт кардаанд. Дар 5 моҳи соли 2024 аз ин навъи ҷинояти вазнин фақат 9 маврид сабт шудааст. Дуздиву қаллобӣ дар Тоҷикистон дар ин давра нисбат ба ҳар ҷинояти дигар зиёдтар - тақрибан 3800 маврид сабт шудааст.
Ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳам зиёд шудааст, вале дар ин миён яке аз навъҳои он, яъне порахӯрӣ ва ё ришвахорӣ бетағйир мондааст. Агар дар панҷ моҳи соли 2024 дар кишвар 40 нафарро ба порахӯрӣ муттаҳам карда бошанд, пас дар ҳамин муддати имсол 40 парванда бо айни иттиҳом боз шудааст.
Сабабҳои афзоиши ҷинояткориро нагуфтаанд, чун вазифаи Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон фақат ҷамъоварии рақаму омор ва нишон додани тамоюлҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар аст.
Дастури таҳияи Coca-Cola бо машварати Трамп дигар мешавад?

Президент Доналд Трамп гуфт, ки ширкати нӯшобаҳои Coca-Cola розӣ шуд, ки дар таҳияи ин намуд нӯшокиҳо, ки дар ИМА фурӯхта мешаванд, аз найшакар – шакари табиӣ истифода кунад. Ҳоло дар Амрико барои омода кардани нӯшокии маъруф шарбати ҷуворимакка ба кор меравад. Вале чанде пеш вазири беҳдошти ИМА Роберт Кеннедии хурдӣ аз таъсири манфии ин маҳсулот ба саломатии инсон изҳори нигаронӣ карда буд.
Трамп, ки нӯшидани Coca-Cola-ро дӯст медорад, дар саҳифааш дар шабакаи Truth Social навишт: “Ман бо Coca-Cola дар бораи истифодаи найшакар ба ҳангоми истеҳсоли Coke дар Амрико сӯҳбат кардам ва онҳо розӣ шуданд. Мехоҳам ба ҳамаи онҳое дар Coca-Cola, ки дар қабули чунин қарор иштирок кардаанд, миннатдорӣ баён кунам”.
Намояндаи ширкати нӯшокиҳои маъруф бидуни тасдиқи мустақими ин ки дар дастури таҳияи Coca-Cola тағйироте ворид мешавад, гуфт, “ташаббуси президент Трампро қадрдонӣ мекунад” ва “дар наздиктарин фурсат ҷузъиёти нави маҳсулоти пешрафтаи Coca-Cola-ро нашр хоҳад кард”.
Дар ҳоле, ки барои истеҳсоли Coca-Cola дар Амрико аз шарбати ҷуворимакка истифода мекунанд, дар кишварҳои дигари мисли Мексика, Бритониё ва Австралия асосан найшакар ба кор меравад.
“Таблиғот бештар шавад”. Ҳизби ҳокими Тоҷикистон оинномаашро таҳрир кард

Мақомот мегӯянд, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлат ва корхонаву идораҳо ташкилоти ибтидоии худро дорад. Санҷидани дурустии ин изҳорот бо далели ношаффофии маълумот дар бораи омори воқеии аъзову тарафдорони ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон имкон надорад.
Ин омор рӯзи 17 июл дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳокими халқии демократӣ садо дод, ки дар Тоҷикистон ба як ташкилоти тақрибан яккатози сиёсӣ табдил шудааст. Ҷаласа таҳти раҳбарии раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Дар маҷлиси ҳизб бар пояи Оинномаи он низомномаҳои ҳизбӣ дар таҳрири нав тасдиқ гардидаанд. Ҷузъиёти тағйирот нашр намешавад, фақат таъкид шудаст, ки вазифаи ҳизб фаъолтар ба роҳ мондани таблиғот дар мавзӯи “тарбияи ватандӯстӣ” хоҳад буд.
Раҳмон аз “мухолифату низоъҳо, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии босуръати иқлим” чун чолишҳои замони нав ёдовар шудааст.
ҲХДТ дар интихоботи моҳи марти парлумонии Тоҷикистон, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, баранда эълон шуд ва ҳизбҳои дигар – аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва демократӣ шумори ками курсиҳоро ба даст оварданд.
Соли 2025 интихоботи Тоҷикистонро яке аз ношаффофтарин маъракаҳои сиёсӣ номиданд, чун дар овоздиҳии рӯзи 2-юми март хабарнигорони мустақил ваё расонаҳои хориҷӣ барои бозтоби корзори сиёсӣ роҳ дода нашуданд. Дар интихоботҳои пешина ҳузури ками раъйдиҳандагон, овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд кас ва партофтани бастаи варақаҳои пуршуда ба сандуқҳои раъйдиҳӣ сабт шуда буд.
Намояндагони чанд ҳизбу созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа интихоботро "намоишӣ" донистанд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ба бойкот даъват кард. Раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, интихоботро маҳкум намуд. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА, ки имсол натавонист аз интихобот назорат кунад, ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.
Баҳона барои маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия зиёдтар мешавад

Вакилони Думаи давлатии Русия тарҳи санадеро қабул карданд, ки асос ва ё баҳонаҳо барои маҳрум сохтани хориҷиён аз ҳаққи шаҳрвандии кишварро зиёд мекунад.
Бар асоси қонуни нав, агар як шаҳрванди Тоҷикистон ё Узбекистон шаҳрвандии Русияро гирифта бошад ва ҷинояти сахте содир кунад, шиносномаи ӯро бечунучаро аз дасташ мегиранд ва аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум мекунад.
Дар гузашта фаъолони сиёсӣ аз ҷумла аз Тоҷикистон ба мисли Каромат Шарипов ва Иззат Амонро бо иттиҳомоти қонуншиканӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум сохта ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Асосҳои нав барои маҳрумсозӣ ҷиноятҳои сахт, ба мисли қатл, таҷовузи гурӯҳӣ, таҷовуз бо бераҳмии хос буда метавонанд.
Шумори шаҳрвандони Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро такшил медиҳад ва танҳо соли 2022 беш аз 170 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.
Ҳамчунин агар касе, ки бо кӯдаки то 12-сола иртиботи тифл иртиботи ҷинсӣ дошт, ё кӯдакону наврасонро ба танфурӯшиву иртиботи ҷинсӣ маҷбур месозад, ё маводи порнографӣ бо ҳузури кӯдаконро омодаву нашр мекунад, аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум сохта мешавад.
Яке асоси дигаре, ки метавонад, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ё кишвари дигареро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум созад, гунаҳкор донистан ба ифротгароӣ ва дуруст шуморидани терроризм аст. Солҳои ахир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бахусус бо иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.
Гуфтугӯ