Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷик бо гуноҳи узвият дар ДОИШ дар Ҳолланд зиндонӣ шуд


Баъди зуҳури ДОИШ дар соли 2016 садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ин гуруҳи террористӣ ва созмонҳои дигари ифротӣ дар Сурияву Ироқ пайвастанд.
Баъди зуҳури ДОИШ дар соли 2016 садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ин гуруҳи террористӣ ва созмонҳои дигари ифротӣ дар Сурияву Ироқ пайвастанд.

Додгоҳи шаҳри Роттердам дар Ҳолланд як ҷавони 31-солаи тоҷикро бор гуноҳи узвият дар созмони террористии "Давлати исломӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 21-уми июл содир шудааст, ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба он гунаҳкор донистаанд, ки аз аъзои "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ буда ва қасд доштааст, барои ин гуруҳ ҳар қадар, ки тавонад пул ҷамъ оварад ва дигаронро ҳам ба сафи ин гуруҳ ҷалб кунад. Номи ӯро бинобар қонуну қоидаҳои Ҳолланд, ошкор накардаанд ва фақат соли таваллудашро овардаанд, ки 1994 сабт шудааст.

Ба қавли муфаттишон, ҷавони тоҷик ба як афсари пулис, ки худро ифротӣ вонамуд мекардааст, гуфтааст, ки мехоҳад, худаш ҳам "ҷиҳод" кунад.

Дар парванда омадааст: "Гумонбар дар ҷиноят ба як фард ва аз тариқи амири ДОИШ дар Тоҷикистон савганди садоқат хӯрдааст. Барои ҳамин ӯро аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекардаанд".

Бар асоси иттилои муфаттишон, шаҳрванди Тоҷикистон соли 2012 барои кор ба Русия рафтааст ва ӯро соли 2017 дар Туркия бо иттиҳоми сафар ба Сурия ва пайвастан ба ДОИШ дастгир ва аз он кишвар ихроҷ кардаанд. Моҳи сентябри соли 2019 ӯро дар қаламрави Украина дастгир ва баъди 5 моҳ озод кардаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, ҷавони тоҷик дар ин муддат ҳам бо чанд фарде, ки баъдан барои ҳимоят аз тероризм маҳкум ба зиндон шудаанд, иртиботро нигаҳ медошт.

Баъди муддати кӯтоҳе аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар моҳи феврали соли 2022, ин шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳамсараш аз тариқи Лаҳистон ба Олмон ва сипас ба Ҳолланд омадаанд ва дар инҷо моҳи марти соли 2022 иҷозаи иқомат гирифтааст. Агарчӣ ба гуфтаи додгоҳ ҳеч нақшаи мушаххаси ҳамлаи террористиро аз ӯ наёфтаанд, вале худаш гуфтааст, ки омода аст, дар ҳар вақте ба ин кор даст занад.

Вакилони дифои шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, ки афсари пулис, ки худро ифротӣ вонамуд мекард, сабаби изҳороти ифротгароёнаи ҷавони тоҷик шудаанд ва мақомоти интизомӣ дар инҷо ғайриқонунӣ рафтор кардаанд.

Додгоҳ гуфтааст, ки ин иддао дуруст нест ва ҷавони тоҷик баръакс зимни муколамаҳо бештар сари ҷиҳоду кӯмак ба "бародарону хоҳарони ДОИШ", суҳбат мекардааст. Ҷавони тоҷикро пас аз гузориши Хадамоти махсуси Ҳолланд дар бораи фаъолиятҳои шубҳабарангези ӯ моҳи июли соли 2023 дастгир кардаанд.

Мақомоти Ҳолланд он замон гуфтанд, ки ҷавони 29-солаи тоҷик ва ҳамсараш зани 31-сола аз Қирғизистонро боздошт кардаанд ва марди тоҷик ба узвият дар созмони "Давлати исломӣ" муттаҳам мешавад. Ҳамсари ӯро дертар раҳо кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки зодагони Тоҷикистон дар Аврупо бо гуноҳи терроризм ба зиндон мераванд.

Дар гузашта дар Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба зиндон маҳкум карданд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 беш аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи созмонҳои тундрав пайвастаанд ва теъдоди зиёде аз онҳо кушта шуданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG