Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз гармо ба дод омадаем, вале илоҷе надорем"


Хонаводаҳое, ки дар ин гармои тоқатфарсо кондитсионер надоранд, гарморо чӣ гуна пуштисар мекунад ва худу фарзандонашро чигуна аз гармӣ эмин нигаҳ медоранд?

Ҳоло гармӣ дар тамоми Тоҷикистон баланд шудааст ва мақомот ҳам ба хусус сокинони ҷануби кишварро аз гармии зиёд дар ин минтақа ҳушдор медиҳанд.

Дар як хонаи содаву нимасохт, дар канори теппае дар Кулоб, Сайлонбӣ Давлатова бо се фарзандаш ба сар мебарад. Аз гармии шадиди тобистон, ҳамеша дару тирезааш боз аст.

Сайлонбӣ аз мактабҳои Кулоб фаррош аст. Маошаш ҳамагӣ 900 сомонӣ аст, ки барои таъмини ниёзҳои рӯзмарра басанда нест. На имкони харидани кондитсионер дорад ва на як шамолдиҳандаи оддӣ.

Сайлонбӣ Давлатова мегуяд, "зурам намерасад, ки як шамолдиҳанда харам, ҳамин ки бегоҳ шуд, дар рӯи ҳавлӣ гилем мепартоем ва дар ҳаминҷо менишинем. Вақте офтоб баромад, дар даруни хона, дар гармӣ рузро сипарӣ мекунем".

"Аз гармо ба дод омадаем, вале илоҷе надорем!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Падари фарзандон, онҳоро тарк кардааст. Ин сарпаноҳи гилинро хушдонамаш барои ӯву фарзандонаш сохтааст.

Пас аз он, модари худи Сайлонбӣ, ба сохтани ин хона оғоз кард, аммо бунёди он нотамом монд. Ӯ даргузашт ва сохтмон бинобар мушкили молӣ, дигар такмил наёфт. Ҳоло панҷ сол мешавад, ки хонаи онҳо нимасохт аст.

Сайлонбӣ Давлатова мегуяд, намедонад бо ин 900 сомонӣ чӣ бихарад -- хурок, пушок ё либос?

Ҳамин аст, ки Сайлонбӣ Давлатова, гарморо дигар гармо намегӯяд. Гоҳе ҳамсоягон аз дилсӯзӣ ӯ ва фарзандонашро дар гармои рӯз ба хонаашон даъват мекунанд. Аммо ба гуфтаи Сайлонбӣ, наметавонад ҳар рӯз ба хонаи дигарон равад, шарм медорад.

Имсол ҳарорати ҳаво дар Кӯлоб назар ба солҳои гузашта баландтар аст. Худи Сайлонбӣ мегӯяд, то имрӯз чунин гармии тоқатфарсоро эҳсос накарда буд.

Табибон ҳам ба сокинон тавсия доданд, ки худро аз нурҳои сахти офтоб нигаҳ доранд.

Вале барои афроде мисли Сайлонбӣ Давлатова, ки шароити хариди кондитсионерро надоранд, ягона роҳи раҳоӣ тоқат кардан аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG