Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Молдив дар Хуҷанд мегузарад


Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозии хонагии тими миллии кишварро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муайян кард.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Молдив рӯзи 9-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.

Интихоби шаҳри Хуҷанд ҳамчун макони баргузории бозии тими миллии Тоҷикистон бо мақсади таблиғи футбол дар манотиқи мухталифи кишвар мебошад.

Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд қаблан бозиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол, Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамчунин вохӯриҳои дӯстона бо иштироки дастаҳои мунтахаби гуногуни Тоҷикистон баргузор шуда буданд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

9-уми октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Тоҷикистон - Молдив

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, футболбозони тоҷик дар даври аввали мусобиқот, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар даври дуюм 10-уми июн бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода буданд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал, Тоҷикистон дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ қарор доранд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0

Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 3

25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.

Филиппин – Молдив - 4:1

Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бҷом Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)

Даври дуюм

Филиппин – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Бйорн Кристенсен, 28 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (1:1). Парвизҷон Умарбоев, 42 – аз пеналти (1:2). Бйорн Кристенсен, 79 (2:2).

10-уми июн. Филиппин. Варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити». 10 854 тамошобин.

Тимори Шарқӣ – Молдив – 1:0

Гол: Ҷоао Педро, 45

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Филиппин21106-34
2Тоҷикистон21103-24
3Тимори Шарқӣ21011-13
4Молдив20021-50


Даври сеюм

9 октябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон Молдив

Тимори Шарқӣ – Филиппин

Даври чорум

14 октябр (сешанбе)

Молдив - Тоҷикистон

Филиппин Тимори Шарқӣ

Даври панҷум

16 ноябр (сешанбе)

Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон

Молдив - Филиппин

Даври шашум

31 марти 2026 (сешанбе)

Тоҷикистон Филиппин

Молдив - Тимори Шарқӣ

XS
SM
MD
LG