Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони 13-каратаи Тоҷикистон, ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқоти гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар шаҳри Мински Беларус ҷамъомади таълимию тамринӣ доир намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ин ҷамъомад, ки зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко дар Минск 12-уми июл шуруъ шуд, то рӯзи 24-уми июл идома хоҳад кард.
Дар доираи ин ҷамъомад «Истиқлол» 19-уми июл дар Маркази омодагии олимпии «Стайки»-и Минск бо тими “БАТЭ” (Корхонаи таҷҳизоти электрикии автомобилу трактори шаҳри Борисов), қаҳрамони 15-каратаи Беларус, бозии санҷишӣ анҷом дод.
Бозӣ бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 ба поён расид. Дарвоқеъ, як сол пеш, 19-уми июли соли 2024, ин дастаҳо дар шаҳри Борисов бо ҳам рақобат карда буданд. Бозии дӯстона бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи «БАТЭ» хотима ёфта буд.
БОЗИИ САНҶИШӢ
«БАТЭ» – «ИСТИҚЛОЛ» - 1:2
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 35 (0:1). Владислав Русенчик, 82 (1:1). Кирилл Королков, 84 (1:2).
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич (Муҳриддин Ҳасанов, 46), Содиқҷон Қурбонов, Аҳтам Назаров (Кирилл Королков, 65), Ҷозеф Окоро (Шаҳром Сулаймонов, 46), Ромиш Насруллозода (Манучеҳр Сафаров, 46, Табрез Исломов, Кирилл Суслов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ризо Деҳқонӣ, 46), Амирбек Ҷурабоев, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 46).
19-уми июл. Минск. Маркази омодагии олимпии «Стайки».
Бояд зикр намуд, маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои-2-и AFC дар миенаи моҳи августи имсол доир шуда, рақибони «Истиқлол» маълум мегарданд.
Дар ҳамин ҳол дар мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон равзанаи расмии гузариши тобистона ҷараён дорад, ки то рӯзи 28-уми июл идома хоҳад кард. Дар ин фосила тамоми бошгоҳҳои лигаи олӣ ҳақ доранд, ки бозигарони навро ба ҳайати худ ҷалб намуда, онҳоро расман ба қайд бигиранд.
Мусобиқоти дастаҳои лигаи олӣ ибтидои моҳи август аз сар гирифта мешавад. Пас аз ҷамъбасти 13 даври мусобиқот дар ҷадвали бозиҳо ду даста – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва “Вахш”-и Бохтар - бо 27-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо КМВА дар ҷойи аввал, “Вахш” дар ҷойи дуюм мебошанд. “Истиқлол”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 24 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудааст.
Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду марҳила барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.