Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заъфи нуфузи Русия дар Қафқози ҷанубӣ, дарҳоро ба рӯи бозигарони нав боз мекунад


Нуфузи Русия дар марзҳои ҷанубиаш, ба вижа дар Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Маскав ҳамчунон даргири ҷанг дар Украина аст, рӯ ба заъф гузоштааст.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, таҳлилгарон мегӯянд, ин тағйир тавозуни қудрат, заминаро барои вуруд ва густариши ҳузури дигар бозигарон, монанди Туркия, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар минтақа, фароҳам кардааст.

Никола Пашинян, нахуствазири Арманистон ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон 10 июл дар Абу Забӣ бо якдигар мулоқот карданд, то дар бораи созиши сулҳи эҳтимолӣ гуфтугӯ кунанд, он ҳам бе ҳузури ҳеч миёнараве, аз ҷумла, Русия.

Ҳарчанд ин дидор боиси пешрафти мушаххасе нашуд, аммо дар баёнияи муштарак, ду кишвар бар ӯҳдадории худ ба гуфтугӯҳои дуҷониба ва идомаи чораҳо барои эҷоди боварии мутақобил, таъкид карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки фақат панҷ сол пеш, вазъият ба таври комил фарқ мекард.

Дар пайи ҷанги 44-рӯза миёни ду кишвар дар соли 2020 бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ -- минтақаи асосан арманинишин, ки ҳамчун бахше аз Озарбойҷон ба расмият шинохта шуда ва муддатҳо меҳвари душманиҳои ду кишвар буд, Владимир Путин миёнарави оташбас шуд ва бори дигар нақши суннатии Маскав ба унвони бозигари аслии минтақаро тақвият кард.

Аммо ин оташбас аз он замон ба баъд, ба гуфтаи Рауф Мирқадиров, таҳлилгари рӯзномаи "Оина-Зеркало" дар Боку, ба "як тағйири таърихӣ" сабаб шуд.

Мирқадиров ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, гуфт, "ин ду кишвар пас аз беш аз 30 сол даргирӣ бар сари Қарабоғ, акнун ба якдигар наздиктар шудаанд ва аз Русия фосила мегиранд. Ҳар ду мехоҳанд аз нуфузи Русия раҳо шаванд. Ва ин фурсате аст, ки доранд, чун Русия шадидан даргири ҷанг дар Украина аст".

Рубен Меграбян, таҳлилгари Муассисаи робитаҳои байналмилалӣ ва амнияти Арманистон, низ мувофиқ аст, ки Ереван вазъияти кунуниро фурсате барои раҳо шудан аз султаи Маскав бар кишвараш мебинад.

Ӯ мегӯяд, "Русия мехост Арманистон дар як муноқишаи ҳамешагӣ боқӣ бимонад, то битавонад ба таври давомдор нақши наҷотдиҳандаи моро бозӣ кунад ва бо ин баҳона ҳузури доимиашро тавҷеҳ кунад. Аммо Арманистон мехоҳад ин ихтилофотро ҳал кунад ва ҳар гуна ҳузури Русияро аз кишвар аз байн бибарад. Ва ҳоло Русия аз ин хушаш намеояд".

ТАНИШҲОИ РӮ БА АФЗОИШ

Аз нигоҳи бархе таҳлилгарон, робитаҳои Ереван Маскав аз соли 2016 ва дар ҷараёни як даргирии кӯтоҳи Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ, рӯ ба тирагӣ гузошт.

Он даргирӣ бо миёнравии Русия ва созиши оташбас поён ёфт ва дар натиҷаи он, Ҷумҳурии Озарбойҷон муваффақ шуд бархе қаламравҳоро аз худ кунад, ки ин масъала боиси ноумедӣ ва хашми Арманистон аз ҳимояти маҳдуди Маскав аз муттаҳиди суннатиаш шуд.

Ричард Гирагосян, мудир ва муассиси Маркази мутолеоти минтақаӣ дар Ереван, мегӯяд, ин лаҳза "оғози коҳиши боварии Арманистон ба Русия ба унвони як шарики амниятӣ" буд.

Ӯ меафзояд, "мавзеъ ва сиёсати Русия аз замони ҷанги соли 2016 ба тадриҷ ба сӯи Озарбойҷон тағйир кард".

Робитаҳо миёни Ереван ва Маскав пас аз ҷанги соли 2020 беш аз пеш тира шуд, замоне, ки Боку Қарабоғи Кӯҳиро бозпас гирифт ва Русия бори дигар аз ҳимояти қотеи Ереван худдорӣ кард.

РӮЙДОДҲОИ АХИР ВА ТИРАГИИ РОБИТАҲО

Таҳаввулоти ахир нишон медиҳанд, ки шикоф миёни ду кишвар чӣ қадар амиқ шудааст.

Рӯзи 17 июн миллиардери арманитабори рус Самвел Карапетян ба иттиҳоми тасарруфи ғайриқонунии қудрат боздошт шуд. Ба бовари Ричард Гирагосян, ин боздошт "талоше аз сӯи ҳукумати Арманистон барои пешгирӣ аз дахолати Русия дар интихоботи порлумонии соли оянда" буд.

Ӯ афзуд, "аммо дар айни ҳол, ин иқдом дар ростои муқобила бо нуфуз ё манфиатҳои Русия дар дохили Арманистон буд. Ин фард сохта ва пардохтаи Маскав аст ва умуман фарде тарафдори Путин гуфта мешавад".

Чанд рӯз баъд, мақомҳои Арманистон усқуф Баграт Галстанян, рӯҳонии барҷастаи калисои арманиро низ ба иттиҳоми тавтеа барои сарнагунии ҳукумат боздошт карданд.

Русия вокуниши тунд нишон дод. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия инро "ҳамлаи бедалел" ба калисо хонд ва онро "яке аз ниҳодҳои аслии ҷомеаи Арманистон" гуфт.

Дар муқобил, Арарат Мирзоян, вазири корҳои корҳои хориҷии Арманистон, Маскавро ба дахолат дар умури дохилии кишвараш муттаҳам кард.

ОЗАРБОЙҶОН ҲАМ АЗ РУСИЯ ФОСИЛА МЕГИРАД

Ин тағйирот маҳдуд ба Арманистон нест. Робитаҳо миёни Боку ва Маскав низ дар тобистони имсол ба шиддат тира шуд.

Дар охирҳои моҳи июн, Илҳом Алиев мулоқоти сатҳи боло бо Русияро бекор кард, монеъ аз сафари муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук ба Боку шуд ва бархе чорабиниҳои фарҳангии Русияро лағв намуд.

Ин иқдом пас аз кушта шудани ду озаритабор дар ҷараёни амалиёти пулис дар шаҳри Екатеринбурги Русия ва гузоришҳое дар бораи шиканҷа сурат гирифт.

МУАММОИ РУСИЯ ДАР ЗАРГЕЗУР

Панҷ сол пеш, Русия барномаҳое барои ҳифзи нуфузи низомӣ дар минтақа дошт.

Созиши оташбасро дар соли 2020 Русия, Арманистон ва Озарбойҷон имзо карданд, ки бозкушоии масирҳои иқтисодӣ ва боркашониро ҳатмӣ мекард. Дар ин созиш, Арманистон ӯҳдадор шуд, убури амн миёни қаламрави аслии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии худмухтори Нахчивонро аз масире бо номи "Долони Заргезур" замонат диҳад ва назорати он ба Хадамоти амнияти федералии Русия (FSB), супурда шавад.

Аммо Арманистон ин долонро таҳдиде барои ҳокимияти худ медонад. Бо идомаи музокирот, ҳанӯз маълум нест, ки оё назорати FSB дар созиши ниҳоӣ ҳифз хоҳад шуд ё не.

Дар моҳи март Никола Пашинян, эълон кард, ки пас аз имзои паймони сулҳ ҳеч нерӯи хориҷӣ дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон ҷобаҷо нахоҳад шуд. Вадим Дубнов, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қафқоз, низ мегӯяд, ки ин мавзуъ барои Озарбойҷон ҳам дигар ҷолибияте надорад.

Ӯ мегӯяд, "ҷобаҷоии нерӯҳои FSB шояд қабл аз ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ барои Озарбойҷон мантиқӣ буд. Аммо ҳоло музокироти мустақим бо Арманистон барои Боку судмандтар аст".

Рауф Мирқадиров мегӯяд, "Зангезур бахше аз долони миёна аст. Русия фақат намехоҳад Заргезурро контрол кунад, мехоҳад бар ҳамаи масирҳои заминӣ ва ҳавоии Қафқози ҷануби назорат дошта бошад. Аммо ман фикр мекунам, Туркия дар мавқеияти беҳтаре барои раҳбарии амнияти минтақа қарор дорад".

БОЗИГАРОНИ НАВИ МИНТАҚА

Дар ҳоле, ки таҳлилгарон таъйид мекунанд, ки нуфузи Русия рӯ ба коҳиш аст, ҳушдор ҳам медиҳанд, ки робитаҳои иқтисодӣ ва таърихии амиқ бо Русияро наметавон дар як шаб қатъ кард.

Бо ин ҳол, пас аз ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина дар соли 2022, ин вобастагии иқтисодӣ низ оғоз ба тағйир кардааст.

Кирилл Кривошеев, таҳлилгари рус аз Бунёди Корнеги, соли 2023 ба бахши озарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфта буд, "Туркия шарики калидии воридот барои Русия шудааст. Бисёре аз колоҳо аз тариқи Туркия ва Озарбойҷон кашонида мешаванд. Бандарҳои Истанбул муҳим ҳастанд ва Озарбойҷон акнун як маркази ҳаётӣ барои гази Русия аст. Мо нафту газро ба Озарбойҷон мефурӯшем ва онҳо онро ба Аврупо мефурӯшанд. Ин қонунӣ аст ва таҳримҳоро нақз намекунад".

Пол Гобл, узви баландопяи Бунёди Ҷеймстовн (Jamestown Foundation) ба нақши афзояндаи Озарбойҷон ишора мекунад: "Алиев билохира дарк кардааст, ки Маскав ба Озарбойҷон ба ҳамон андоза ниёз дорад, ки Озарбойҷон ба Русия ниёзманд аст. Вақте инро бифаҳмӣ, ки тарафи муқобил бештар аз ту ба ин робита ниёз дорад, шеваи бархӯрд иваз мешавад".

НАЗДИКИИ ЕРЕВАН БА ТУРКИЯ, АВРУПО ВА АМРИКО

Дар ҳамин ҳол, Ереван дар ҳоли бозсозии робитаҳои худ бо Анқара аст ва ҳамзамон фосилааш аз Маскавро бештар мекунад.

Робитаҳои Арманистон ва Туркия, ки аз даҳаи 1990 бинобар ҳимояти Туркия аз Озарбойҷон дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва ихтилофҳои таърихӣ дучори таниш буд, акнун бо эҳтиёт дар ҳоли беҳбуд аст.

Дар моҳи июн Пашинян ба Туркия сафар кард ва бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот намуд. Ин нахустин сафари кории сиёсӣ бо ҳадафи музокироти дуҷониба буд.

Рубен Меграбян мегӯяд, "Арманистон аз назари иқтисодӣ ба Русия вобаста аст, чун бештари иртибототи мо бо бозорҳои хориҷӣ аз тариқи Гурҷистон ба бозори Русия анҷом мешавад. Марзи мо бо Эрон боз аст, аммо зарфияти маҳдуде дорад. Боз шудани марзи Туркия, дастрасии Арманистон ба бозорҳои Аврупоро мумкин мекунад".

Бо ин ҳол, Ереван ҳама умедашро ба Туркия набастааст. Меграбян мегӯяд, ки Арманистон ҳамзамон дар ҳоли тақвияти робитаҳо бо Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аст.

Ӯ мегӯяд, "мо бо Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар ҳоли кор барои баланд бурдани сатҳи ҳамкориҳо ҳастем. Бо Амрико созишномаи шарикии стратегӣ имзо кардаем. Бо Иттиҳоди Аврупо, мо қонунеро қабул кардем, ки ба узвияти эҳтимолӣ мувофиқат мекунад, гарчанде мо медонем, ки роҳи дарозе дар пеш аст".

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG