Телевизиони маҳаллии Амарин ва нашрияи Тайнюсрум ба нақл аз пулис навиштаанд, ки Ҳушанг Боқиев, сайёҳи 36-сола ва шаҳрванди Русия, худро аз боми меҳмонсарйи Най Ҳарн ба замин андохта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин воқеа пахш шуд, ки дар он дӯстони ин ҷавон ба забони тоҷикӣ аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки аз бом фарояд, вале ӯ ба ҳарфи онҳо гӯш надода, худро ба замин меандозад. Ҷасади ӯро барои колбадшикофӣ ба шифохонаи Вачираи Пҳукет интиқол додаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муфаттишони тайландӣ сабаби марги сайёҳи тоҷикистониро таҳқиқ мекунанд
Рӯзҳои ахир як идда блогерҳои шинохтаи тоҷик бо нашри наворҳо аз Тошканд мегуфтанд, ки дар роҳ ба Тайланд ҳастанд. Баъди марги Боқиев сару садо зиёд шуд, ки чаро блогерҳо дар ин бора ҳарф намезананд. Дар ҷавоб ба ин ҳама Парвиз Ниёзов маъруф ба "Парвиз-Америка", блогери тоҷики муқими Амрико дар як шарҳи кӯтоҳе тасдиқ кардааст, ки рӯзи шанбе чанд соат пас аз вуруди онҳо ба Пҳукет ҳодисаи нохуш рӯй дод.
Ба қавли Парвиз Америка тафтиши ҳодиса ҷараён доштааст ва ҳайати тоҷиконро ҳамчун шоҳиди ҳодиса бозпурсӣ кардаанд. Имрӯз наздикон фавтида ба Тайланд расиданд ва пулис бояд бар асоси муоинаи табибон сабаби марги Боқиевро ошкор эълон кунад.
Ба қавли манбаъҳои қобили эътимод Ҳушанг Боқиев, ки корманди яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон буд, дӯсти наздики "Тоҷик-домод", як блогери дигари тоҷик аст ва ҳамроҳи ӯ дар наворҳои зиёде дида мешавад.