Бисту ҳашт кишвар амалкарди Исроил дар Ғаззаро сахт танқид карданд

Исроилро ҳамчунин барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба кумакҳои башарӣ сахт танқид мекунанд.

Бисту ҳашт кишвари ҷаҳон бо шумули Бритониё, Ҷопон бо нашри як баёнияи муштарак дар рӯзи душанбе гуфтанд, ки ба ҷанг дар Ғазза “бояд ҳамин ҳоло поён дода шавад”.

Дар баёнияи вазирони умури хориҷии 28 кишвар омадааст, “ранҷи мардуми ғайринизомии Ғазза ба сатҳи наве расидааст”. Онҳо ҳамчунин “қатли ғайринсонии мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдаконеро, ки дар ҷустӯҷуи обу ғизо, ниёзҳои аввалияи инсонӣ ҳастанд” маҳкум кардаанд.

Дар баёния марги 800 нафареро, ки ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза ва Дафтари Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ҳангоми талош барои гирифтани кӯмакҳои башарӣ ҷон додаанд, “ваҳшатангез” хонда, Исроилро барои маҳрум кардани мардуми осоишта аз кӯмакҳои ҳаётии башарӣ танқид кардаанд ва хостаанд, ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад.

Вазорати умури хориҷии Исроил баёнияи танқидии 28 кишварро рад кард ва гуфт, ки он “аз воқеият канда шудааст ва паёми хатое ба Ҳамос мефиристад.” Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Исроил, ин Ҳамос аст, ки бо напазируфтани тарҳи пешниҳодии созиши оташбаси мувақаттӣ ва раҳо кардани гаравгонон, ҷангро дароз мекунад.

Ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 ва баъд аз он оғоз шуд, ки гуруҳи Ҳамос бо ҳамла ба ҷануби Исроил 1200 нафарро кушт ва 251 каси дигарро гаравгон гирифт. То кунун 50 гаравгони дигар дар Ғазза мондаанд ва бовар меравад, камтар аз нисфи онҳо зинда бошанд. Созмони Ҳамосро Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо созмони террористӣ мешуморанд.