Масъулони ҳукумати шаҳри Гулистон рӯзи 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки баъди солҳои тӯлонӣ ба калонтарин корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдан дар минтақа сармоягузор ёфтаанд. Аз он пеш корхонаи маъдани Адрасмон дар ихтиёри соҳибкорони Қазоқистон буд ва тақрибан 15 соли гузашта кор намекард. Ҳоло Чин омода шудааст, ки барои дигарбора ба кор андохтани он маблағгузорӣ намояд.
Илҳом Пӯлодзода, раиси шаҳри Гулистон: “Сармоягузор омадагӣ, корҳои васлкунӣ ҷараён дорад, он нақбҳоеро, ки зери об монд, аз пок карда истодаанд. Барои коргарҳо хобгоҳ таъмир мешавад ва роҳро таъмир кардаву дигар корҳоро ба анҷом расонида истодаем. Агар хато накунам, зиёда аз 50 милион доллар сармоя ҷудо мегардад”.
Шаҳрдори пешин қаблан гуфта буд, ки бештар сармоягузорони Русия ва Арабистони Саудӣ ба кони маъдан мароқ зоҳир кардаанд, вале гуфтушунид бо Чин ҳоло дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доштааст. Ба гуфтаи Илҳом Пулодзода, моҳҳои наздик ва ё то нимаи соли оянда корхона марҳила ба марҳила ба кор шуруъ мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корхонаи маъдантозакунии "Адрасмон" сармоягузор пайдо кардааст
Даврон Муҳаммадзода, муовини раиси шаҳри Гулистон: “Корҳое, ки бозистода буданд, иқтидорҳое, ки солҳои сол бекор истода буданду ягон бӯи умед набуд, айни ҳол умед ҳаст, ки ҳамин корхона пурра ба кор шурӯъ мекунад”.
Ҳарчанд мақомот тарҳи сармоягузориро умедбахш меноманд, вале то ҳол шароити ҳуқуқӣ ва замонати кор барои кормандон комилан рӯшан нест. Корхонаи Адрасмон дар аҳди шӯравӣ таъсис ёфт ва ба пайдоиши шаҳраке дар ҳудуди шаҳри Гулистон ( собиқ Қайроққум) дар вилояти Суғд замина гузошт. Аз он замон Адрасмонро шаҳраки кӯҳканҳо мегуфтанд ва далелаш ҳам ин, ки бузургтарин кони нуқра дар ҳамин макон ҷойгир аст. Фулузоти гаронбаҳо аз ҷумла тилову сурб (қурғошим) дар бағали кӯҳҳои Қурама ва Қаромазори ҳамин минтақа нуҳуфтаанд.
Корхона аз соли 2006 ба ширкати қазоқии “Кони Мансур” тааллуқ дошт ва умдатан хокаи нуқра истихроҷ мекард. Корхонаи "Адрасмон" фаъолияташро соли 2012 қатъ ва худро муфлис эълон карда буд. Соли 2017 баҳс миёни моликони қазоқистонии корхонаи маъдани “Адрасмон” ва мақомоти Тоҷикистон ба фоидаи давлат анҷом ёфт ва корхона дубора миллӣ эълон шуд. Огоҳон мегӯянд, баъди давлатӣ шудани корхона низ вазъ дар ин самт тағйир накард.
Биноҳои азими он ҳоло фарсуда шудаанд ва симои шаҳраки саноатии замоне маъруфро тира кардааст. Ин ҳол нақбканҳо ва кормандони онро маъюс карду аксарияти аҳолии шаҳракро парешону саргардон сохт.
Аҳолии беш аз 16 ҳазорнафараи Адрасмон, умедворанд, ки мушкили коргоҳ ҳал мешавад ва мардуми шаҳрак мисли пештара бо кор таъмин мешаванд.