Аз ҳукумат талаб карданд, варзишгаронро ба Бозиҳои Исмоилӣ роҳ диҳад

Акс аз бойгонӣ

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ, аз мақомот хостааст, ки барои ҳузури варзишгарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Бозиҳои Исмоилӣ иҷозат диҳад. Бозиҳои Исмоилӣ рӯзи 20-уми июл дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз мешаванд.

Қаблан сомонаи "Pamir Inside" навишт, ки мақомоти Тоҷикистон ширкати варзишгарони Вилояти Бадахшонро дар Бозиҳои Исмоилӣ манъ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман шарҳе надодаанд.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд ба Радиои Озодӣ гуфт, ин рафтори мақомоти Тоҷикистонро “идомаи табъиз ва саркуб кардани сокинони ВМКБ, хусусан пайравони Исмоилия дониста, онро шадидан маҳкум мекунанд.”

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба "саркӯби пайравони мазҳаби Исмоилия фавран хотима диҳад."

Ин созмони мухолифи ҳукумат, ҳамчунин аз созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Созмони Милал даъват кардааст, ки ба "нақзи давомдори ҳуқуқи башар дар Бадахшон таваҷҷуҳ зоҳир кунанд."

Мақомоти Тоҷикистон ба изҳороти Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд ва ҳамчунин ба гузоришҳо дар бораи манъи сафари варзишгарон аз Тоҷикистон дар Бозиҳои Исмоилӣ, ҳеч вокунише накардаанд.

Пойгоҳи "Pamir Inside", ки асосан хабарҳои вобаста ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, 12-уми июл гузориш дод, ки мақомоти Тоҷикистон нагузоштанд, варзишгарон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар "Бозиҳои исмоилӣ" ширкат кунанд. Ба гузориши ин манбаъ, мақомот ба варзишгарон ва роҳбарони мактабҳои варзишии ВМКБ ҳушдор додаанд, ки ширкат дар ин чорабинӣ метавонад боиси таъқиб гардад.

Дар як паёми садоӣ, ки Радиои Озодӣ ҳам бо он шинос шуд, нафаре хитоб ба директорони мактабҳои варзишии ВМКБ мегӯяд, "бо ду мактуб корбарӣ кунед ва ягон кас ба Бозиҳои исмоилӣ сафарбар нашавад. Дар ҳолате, ки агар ягон кас сафарбар шавад, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ кушода мешавад ва аз вазифа озод карда мешавад."

"Pamir Inside" менависад, варзишгарон аз ВМКБ, бояд 17-уми июл ба шаҳри Дубайи АМА сафар карда, зери парчами Тоҷикистон дар "Бозиҳои исмоилӣ – 2025" ширкат мекарданд.

Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон занг зад, аммо посухе нагирифт.

Мақомоти Тоҷикистонро пештар низ барои гузоштани маҳдудият барои пайравони мазҳаби Исмоилия танқид кардаанд.

Фирқаи исмоилия дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 миллион пайрав дорад. Пайравони ин равия асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд ва бахшҳое аз Африқо зиндагӣ мекунанд. Бештари сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳам исмоилӣ ҳастанд.