Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони шаҳри Истаравшан ҳангоми кандани хандақ зери хок мондаву яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин афрод замоне зери хок монданд, ки саргарми кандани хандақ буданд ва баногаҳ хоки азим болояшон сарозер шуд.
Аз ин ҳодиса се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони шаҳри Истаравшан интиқол дода шуданд.
Манбаъ мегӯяд, ки дар кори наҷоти зерихокмондагон афсарони бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Истаравшан ҳамроҳ бо сокинон саҳм доштаанд.
Шахси ҳалокшуда дар ин ҳодиса як сокини 31-солаи маҳаллаи Навоӣ, кӯчаи Очил Абдураҳмон буд.
Захмиён сокинони кӯчаи Турсунзодаи маҳаллаи Навоии шаҳри Истаравшан буда, ду нафарашон 31-сола ва як нафари онҳо 21-сола мебошад.
Сабаби ҳодиса риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор гуфта шудааст.