Дар Аврупо шабакаи азими рахнагарони компютерҳои идораҳои давлатӣ ифшо шуд

Евроюст - як идораи Иттиҳоди Аврупо, ки бо додгоҳҳо кор мекунад, рӯзи 16 июл дар бораи безарар кардани гурӯҳи рахнагарон бо исми NoName057(16) хабар дод, ки масъули ҳамлаҳои азими компютерии DDoS ба зербиноҳои муҳими дифоию энергетикӣ ва ҳам идораҳои давлатӣ дар Аврупо мебошад.

Амалиёти байналмилалии сохторҳои ҳифзи қонун бо иштироки 12 давлат, аз ҷумла ИМА рӯзи 15 июл ҷараён гирифт. Дар натиҷа, як шабакаи компютерҳое аз байн бурда шуд, ки барои ҳамлаҳои рахнагарӣ бо истифода аз садҳо сервер дар тамоми ҷаҳон истифода мешуданд. Reuters навишт, ки Олмону Испания нисбати ҳафт гумонбар, аз ҷумла ташкилкунандагони эҳтимолии ин шабака воқеъ дар Русия дастури боздошт содир намуданд.

Дар маҷмӯъ 24 кофтукоб анҷом шудааст. Додситонии Олмон ва Евроюст гуфтанд, ки рахнагарон беш аз 4 ҳазор ихтиёриёнро дар Телеграм, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар пойгоҳҳо барои ин кор ҷалб карда буданд. Танҳо дар Олмон дар паи 14 ҳамлаи рахнагарӣ 230 идора осеб дидааст. Дар Шведсия идораҳои давлативу бонкҳо мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Дар Швейсария моҳи июни соли 2023 ҳангоми суханронии видеоии президент Владимир Зеленский дар парлумон ва инчунин июни соли 2024 зимни баромадаш дар мавзӯи сулҳи Украина мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтааст. Бори охир ҳамла моҳи июн дар ҷаласаи НАТО дар Нидерланди сурат гирифт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ҷосусии" рахнагарони вобаста ба Русия аз компютерҳои идораҳои давлатии Тоҷикистон Аз талоши рахнагарии интихоботи Амрико тавассути WhatsApp пешгирӣ шуд