Дар Душанбе 2 наврасро аз модар гирифта, ба интернат супурданд

Дар шаҳри Душанбе бо қарори додгоҳ ду наврасро аз модарашон гирифта, онҳоро ба мактаб-интернат додаанд.

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри ин хабар гуфт, шаҳрванд Тағоева М., ки модари ду кӯдаки хурдсол аст, фарзандонашро ба талбандагию оворагардӣ маҷбур мекард ва аз ин ҳисоб манфиати пулӣ ҳам ба даст меовард.

Назари модари ноболиғон ба ҳарфҳои мақомот маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки дар Душанбе фарзандонро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернати давлатӣ медиҳанд.

Моҳи июни имсол ду наврасро аз модарашон ҷудо карда, ба интернат доданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ду наврас аз сӯи модарашон, ки зиндагии носолим дошт, ҳамеша мавриди азияту озор қарор мегирифтанд.

Кодекси оилаи Тоҷикистон ба мақомот иҷозат медиҳад, ки дар сурати аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон набаромадани волидайн, кӯдаконро аз онҳо гирифта, ба мактабҳои давлатӣ диҳанд. Дар ин ҳолат волидайн аз ҳаққи падару модарӣ пурра маҳрум карда намешаванд.