Дар идораҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргар намерасад

Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар мақомоти давлатии Тоҷикистон 4 ҳазору 102 коргар намерасад.

Дар ин бора Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл дар як нишасти хабарӣ баён дошт. Ӯ гуфт, "ба ҳисоби миёна, имрӯз ба ҳар як мансаби холӣ 0,6 довталаб рост меояд".

Идрисзода эътироф кард, ки ҳолатҳои дар як мансаб зиёд кор кардани бархе мансабдорон ҷой доранд, аммо таъкид кард, ки ин ба норасоии кадрӣ, вобаста аст.

Ба иттилои манбаъ, хидматчиёни давлатӣ бо озмун ба кор қабул шуда, бояд аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ огоҳ бошанд, забон донанд, бо компютер кор карда тавонанд ва таъриху фарҳанги миллиро хуб донанд.

Изҳороти раиси Оҷонсӣ дар ҳолест, ки солҳои ахир на танҳо корхонаҳои давлатӣ, балки бархе аз ширкату коргоҳҳои хусусӣ ҳам ба камбуди коргар рӯбарӯ ҳастанд. Аммо бо он, ки шумори бекорон дар кишвар зиёд аст, бархеи онҳо наметавонанд коргар пайдо кунанд.

Мақомот барои таъмини мардум бо шуғл, сари ҳар чанд вақт ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ташкил мекунанд. Аммо корҷӯён мегӯянд, ки ба далели кам будани маош, ба чунин ярмаркаҳо таваҷҷуҳи зиёд надоранд.