"305 ҳазор сомонӣ гирифт." Боздошти корманди пулис ва "шарикони ҷиноятпешааш"

Акс аз бойгонӣ

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Раёсати кофтукоби ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Наимов Д.М. "қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар асоси маслиҳати пешакӣ бо якчанд шарикони ҷиноятпешаи худ" аз наздикони ду боздоштшуда 305 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Наимов ва шариконаш наздикони ду нафарро бо он тарсондаанд, ки нисбати хешовандонашон бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир парванда мекушоянд. Ҳол он ки ба иттилои Оҷонсӣ, корманди Раёсати кофтукоби ҷиноӣ медонист, ки нисбати шаҳрвандон М.А. ва Ф.Р. ягон маводи санҷишӣ дар даст надоранд.

Оҷонсии зидди фасод гуфтааст, нисбати Наимов ва дигарон бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми калон ва баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ парванда кушодаанд. Аммо мақомот дар бораи дигар боздоштшудагон маълумот надодаанд. Парвандаи ин афрод ба додгоҳ ирсол шудааст.

Фасод яке аз мушкилиҳои асосӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад.