$ 500 ҳазори БОР барои рушди бимаи иҷтимоии Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд (БОР) грантеро дар ҳаҷми 500 ҳазор доллар барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар навсозӣ ва рақамикунии низоми бимаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа тақдим мекунад.

Ин маблағ барои омода кардани тарҳи ояндаи сармоягузорӣ ба пойдевори бимаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, эҷоди низоми иттилоотӣ дар бораи гирандагони нафақа дар назди Оҷонсии суғуртаву нафақаи иҷтимоии Тоҷикистон сарф хоҳад шуд.

Иҷрои ин тарҳ аз ҷониби БОР барои соли 2026 дар назар гирифта шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бонки Осиёии Рушд барои "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо мекунадПешбинии Бонки осиёӣ. Иқтисоди Тоҷикистон имсол чӣ аҳвол хоҳад дошт?