Кумита: "Муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ" 272 иншоот сохтанд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давоми солҳои истиқлол, аз ҳисоби "муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ" дар кишвар 272 иншоот, аз ҷумла, боғча, мактаб, ошхона, меҳмонхона ва толорҳои варзишӣ, бунёд шудааст

Шарифҷон Ҷумазода, раиси Кумитаи рушди маҳал рӯзи 23 июл зимни нишасти хабарӣ маблағи ин иншоотҳоро 500 миллион сомонӣ гуфт.

Ба гуфтаи Ҷумазода, соли равон дар кишвар боз 127 иншооти дигар бо маблағи беш аз 336 миллион сомонӣ аз ҳисоби "ҳамватанони бурунмарзӣ", сохта мешавад.

Вай дар зимни шарҳи "ҳамватанони бурунмарзӣ" гуфтааст, "онҳо фақат муҳоҷирони меҳнатӣ набуда, зодагони Тоҷикистонанд, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд ва дар он ҷо будубош мекунанд".

Муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия солҳои дароз заҳмат мекашанд, яке аз муҳаррикони асосии иқтисоди Тоҷикистон дониста шуда, дар солҳои охир ҳамзамон ба ободгарони диёру зодгоҳашон табдил ёфтаанд.