Модари 5 фарзанд худро аз болои пул ба дарё партофтааст

Акс аз ҷойи ҳодисаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода нашр кардааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки як занро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумита дар хабарномае навиштааст, Абдурасулова Б. сокини 28-солаи ноҳияи Хуросон ва модари 5 фарзанд, шоми 19-уми июл худро аз болои пул ба дарёи Вахш партофт. Сабаби даст ба ин кор задани зан маълум нест.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, наҷотдиҳандагон занро 500-600 метр поёнтар аз ҷойи партофташуда зинда аз об бароварданд. Занро дар Бемористони ноҳияи Кушониён бистарӣ кардаанд ва аҳволи ӯ хуб гуфта мешавад.

Мақомот нагуфтаанд, ки ин зан барои чӣ худро ба дарё партофт.

Ин бори аввал нест, ки занону духтарон дар Тоҷикистон қасди ҷонашон мекунанд.

Намунаи ахираш, фоҷиа дар ноҳияи Фархор мебошад, ки шаби 29 ба 30-юми июн рух дод. Ба гуфтаи мақомот, дар ин шаб Мадина Ҳалимоваи 27-сола худро бо чор фарзанди ноболиғаш ба об партофт. Худи Мадина аз об зинда берун омад, аммо кӯдаконаш ғарқ шуданд. Ҷасади се кӯдаки Мадина Ҳалимоваро аз об ёфтаанд. Додситонӣ ин занро боздошт карда, аз рӯи моддаи "куштор" нисбаташ парванда кушодаанд.