Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки рӯзҳои 29, 30, 31-уми июл барпо мегардад, дастаҳои лигаи олӣ ба мубориза шуруъ мекунанд.
Бояд зикр намуд, имсол ҳар як даври мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат аст. Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар майдони худ бо тими «Барқчӣ»-и Ҳисор рӯбарӯ мешавад.
Дар ҳафт бозии дигари ҳаштякниҳоӣ дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:
«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) - «Ҳулбук» (Восеъ);
«Саройкамар» (Панҷ) - «Ваҳдат» (Ваҳдат);
«Равшан» (Кӯлоб) - «Сардор» (Турсунзода);
«Эсхата» (Хуҷанд) – КМВА (Душанбе);
«Истаравшан» (Истаравшан) - «Ҳосилот» (Фархор);
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) - «Вахш» (Бохтар);
«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Истиқлол» (Душанбе).
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 14 дастаи лигаи якум ширкат дошт. Чаҳор даста - «Саройкамар» (Панҷ), «Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ваҳдат) ва «Сардор» (Турсунзода) - ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми миллиро соҳиб шуд ва ба Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/2026 роҳхат гирифт.
Маблағи ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб – “Регар-ТадАЗ” - 60 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар финал мағлубшуда – “Хуҷанд” - 40 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 34-ум сурат гирифтааст. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар (10 бор) дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба даст овардааст.
НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2024):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4
2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:4
2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– 2:1