Муборизаи шаш тими Осиё барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

Акрам Афиф, бозигари тими миллии Қатар

Қуръакашии марҳилаи чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё, ки аз 8-ум то 14-уми октябри имсол баргузор мешавад, доир гардид.

Бар асоси қуръакашӣ, ки 17-уми июл дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур - барпо гардид, шаш дастаи иштироккунандаи марҳилаи чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё ба ду гурӯҳ тақсим шуданд.

Ба гурӯҳи “А” тимҳои миллии Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон, ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Индонезия дохил гардиданд.

Дар даври якуми марҳилаи чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё 8-уми октябр Қатар бо Уммон, Арабистони Саудӣ бо Индонезия, дар даври дуюм 11-уми октябр Уммон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Индонезия бо Ироқ, дар даври сеюм 14-уми октябр Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо Қатар ва Ироқ бо Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд.

Марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё 10-уми июн хотима ёфта буд. Пас аз муборизаи сахту пуршиддати якчандмоҳа шаш даста (аз се гурӯҳ дудастаӣ) мустақиман ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳхат гирифтанд. Инҳо дастаҳои Ҷопон, Эрон, Узбекистон, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия мебошанд.

Дастаҳои мунтахабе, ки ҷойҳои сеюму чаҳорумро ишғол карданд, дар даври чаҳорум бозӣ мекунанд ва барои ду роҳхати мустақим, инчунин роҳ ёфтан ба плей-оффи байниқитъавӣ мубориза мебаранд. Инҳо шаш дастаИмороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Ироқ, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Индонезиямебошанд.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ғолибони гурӯҳҳо мустақиман ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойи дуюмро мегиранд, моҳи ноябри имсол бо ҳам рақобат мекунанд. Дастаи ғолиб дар плей-оффи байниқитъавӣ моҳи марти соли оянда иштирок менамояд.

Ба ин тартиб, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2026 боз ду ё се тими миллӣ аз Осиё ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар ҷадвали гурӯҳи “G” бо касби 8 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 маҳрум гашт.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё, ки аз 8-ум то 14-уми октябри имсол баргузор мешавад:

Гурӯҳи “A”: Қатар (мизбони мусобиқа), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Уммон.

Гурӯҳи “B”: Арабистони Саудӣ (мизбони мусобиқа), Ироқ, Индонезия.

Тақвими бозиҳои марҳилаи чаҳорум:

8-уми октябр:

Қатар – Уммон

Арабистони Саудӣ - Индонезия

11-уми октябр:

Уммон – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Индонезия - Ироқ

14-уми октябр:

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – Қатар

Ироқ – Арабистони Саудӣ

Плей-офф

13-уми ноябр:

Бозии аввал: финалисти гурӯҳи “A” - финалисти гурӯҳи “В”.

18-уми ноябр:

Бозии ҷавобӣ: дастаи ҷойи дуюми гурӯҳи “В” - дастаи ҷойи дуюми гурӯҳи “А”.