Обуна ба саҳифаҳои тарафдори Украина сабаби манъи вуруд ба Русия шудааст

Акс аз бойгонист.

Сарҳадбонони Русия барои обуна шудан ба саҳифаи гуруҳҳои тундрав ва ҳам шабакаҳои тарафдори Украина, чандин шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистонро ба Русия роҳ надодаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС баъди омӯзиши чанд парванда гузориш додааст.

Ба қавли манбаъ, дар яке аз парвандаҳо омадааст, дар вақти тафтиши телефони шаҳрванди Тоҷикистон Дилшоди А. муайян шуд, ки ӯ ба саҳифаи яке аз гуруҳҳои мамнуъ дар Ютуб обуна шуда, инчунин наворҳои таблиғотии зидди Русияро тамошо кардааст. Ӯро барои ҳамин ба Русия роҳ надодаанд. Дар хабар гуфта нашудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба саҳифаи кадом гуруҳ обуна шудааст.

Айни кор бо як шаҳрванди Узбекистон сурат гирифтааст, ки ӯро ҳам барои тамошои наворҳои яке аз блогерони тундрав ба Русия роҳ надода ва аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум кардаанд. Номи ин блогер нашр нашудааст.

ТАСС менависад, чанд нафари дигар барои обуна шудан ба саҳифаҳои тарафдори Украина ва маҳкум кардани ҷанги Русия алайҳи Украина дар паёмакҳо, аз сарҳади Русия бозгардонда шудаанд.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, дар ним соли ахир дастикам 20 шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистон аз қарори сарҳадбонон дар бораи манъи вурудашон ба Русия шикоят кардаанд. Аммо ба гузориши ТАСС, додгоҳ ҳамаи ин даъворо рад ва қарори марзбониро дуруст ҳисобидааст. Тафтиши муҳоҷирони тоҷик ба Русия баъди ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус" дар моҳи марти соли 2024 зиёд шуд.