Оҷонси авиатсияи мулкии Тоҷикистон аз оғози парвозҳои мустақими ширкати "Centrum Air" дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд, хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, аввалин парвози ҳавопаймои ин ширкат миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 19 июл сурат гирифт.
Дар ин хатсайр ширкатии тоҷикистонии "Сомон Эйр" ва "Uzbekistan Airways"-и Узбекистон ҳам парвозҳо анҷом медиҳанд.
Роҳандозии парвозҳои нав дар хатсайри Тошканд-Душанбе дар ҳоле аст, ки моҳи гузашта ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ сиёсати "Осмони боз"-ро эълон кард. Қарори ҳукумат 12-уми июн тасвиб шуд.
Бар асоси тартиби нав, Тоҷикистон низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳоро бекор мекунад. Қаблан парвозҳо ба Тоҷикистон ё аз инҷо ба дигар кишварҳо, миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ширкатҳои давлати дигар баробар тақсим мешуд.
Бар асоси қарори ҳукумат, инчунин бисёр маҳдудиятҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бекор карда мешавад. Аз ҷумла, ҳамаи маҳдудиятҳо дар зичии парвозҳо ва ё шумораи ҷойҳои нишаст, шумораи таъинот дар хатсайр, маҳдудиятҳои тарифӣ барои интиқоли байналмилалии ҳавоӣ ва маҳдудиятҳо барои шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз байн бурда мешаванд.
"Осмони боз" як таҷрубаи байналмилалӣ аст, ки назорати давлатро бар таъйини хатсайрҳо, нархи билети парвоз ва бисёр маҳдудиятҳо аз байн мебарад.
Масъалаи ҷорӣ кардани низоми "Осмони боз" дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 дар як ҷаласаи шӯрои машваратии беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд. Он замон президент ба Оҷонси ҳавонавардӣ супориш дода буд, ки барои амалӣ кардани ин сиёсат ва бештар кардани хатсайрҳои ҳавоӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Бархе коршиносон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, инҳисорталабон ё монополистони бозори ҳавоӣ дар кишвар иҷозаи пурра амалӣ шудани низоми "Осмони боз"-ро шояд надиҳанд.