Путин ба Тоҷикистон сафар мекунад

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз сафари ахири Путин ба Душанбе дар соли 2022

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи октябри имсол бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Ин маълумот дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон барои нимаи дуюми соли 2025 нашр шудааст. Радиои Озодӣ 20-уми июл бо ин санад шинос шуд.

Ҷузъиёти бештари сафари Путин ба Душанбе маълум нест. Мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи сафар расман чизе нагуфтаанд.

Дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон омадааст, дар моҳи октябр ва баробар бо сафари Владимир Путин, дар Душанбе нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ва вохӯрии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ+Русия баргузор мешаванд. Зоҳиран яке аз ҳадафҳои сафари Путин ба Душанбе, ширкат дар ин ҳамоишҳо аст.

Владимир Путин бори ахир соли 2022 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ин аввалин сафари Путин баъди ҳамлаи артиши Русия ба хоки Украина ба ҳисоб мерафт. Дар ҷараёни сафари ахири Путин ба Душанбе ягон санад имзо нашуда буд.