Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, мақомдорони давлатӣ беҳтар аст баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод.
Раиси Оҷонсӣ гуфт, қонунгузорӣ барои рафтани хизматчиёни давлатӣ барои адои маносики ҳаҷ маҳдудияте пешбинӣ накардааст, вале ба назари шахсии ӯ, мансабдорон баъди ба нафақа баромадан ин корро анҷом диҳанд хубтар аст.
"Хизматчии давлатӣ бояд вазифаи худашро иҷро кунад, ин фикри шахсии ман аст. Вақте дар мақомоти давлатӣ кор кардӣ, дар хизмати давлатӣ кор кардӣ бояд содиқона, сидқану шаффоф ба давлату миллат хизмат кунӣ. Баъд аз он, ки ба нафақа баромаданд, аз хизмати давлатӣ озод шуданд, марҳамат рафтанд гиранд,"-афзуд Илёс Идрисзода.
Ин посух дар ҳоле садо медиҳад, ки миёни кормандони идораҳои давлатӣ чунин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо рафтан ба ҳаҷ, эҳтимоли аз кор озод шуданашон ҷой дорад. Роҳбари Оҷонсии хизмати давлатӣ гуфт, дар ин мавзуъ аз хизматчиёни давлатӣ ягон шикоят нагирифтаанд.
Чанд тан аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон борҳо дар ҷараёни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, ҳамроҳи раиси ҷумҳур ҳаҷҷи умраро адо кардаанд.
Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунанд, ки пули сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" ба мисли сохтани пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.
Ҳар сол беш аз шаш ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мераванд.