Шаҳрдори пуртарафдори Истамбул ба 1,8 соли ҳабс маҳкум шуд. Ин танҳо як иттиҳом аст

Боздошти Акрам Имомоғлу баҳори имсол боиси эътирозҳои сартосарӣ дар Истамбул ва берун аз он шуд. Ӯро рақиби асосии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон меноманд

Додгоҳе дар Туркия раиси шаҳри Истамбул Акрам Имомоғлуро аз рӯи иттиҳоми таҳқир ва таҳдиди додситони шаҳр ба 1 солу 8 моҳ ҳабс маҳкум кард. Салоҳиятҳои Имомоғлу баъди ҳабси ӯ боздошта шуд ва ба иттилои матбуоти Туркия, айни замон, фаъолияти сиёсии Имомоғлуро маҳдуд накардаанд. Ҳабси Имомоғлу боиси эътирозҳои серҷамъияти тарафдоронаш шудааст.

Баҳонаи боз кардани парванда сӯҳбатҳои раиси шаҳр дар бори додситони калони шаҳри Истамбул Акин Гюрлек дар моҳи январи соли 2025 будааст. Имомоғлу, ки мухолифи асосии президенти Раҷаб Тайиб Эрдуғон мебошад, ҳама иттиҳомҳоро рад мекунад. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки зидди сӯиистифода аз низоми додгоҳӣ ва ба ҳайси василаи сиёсӣ истифода шудани он мубориза бурдааст. “Ин чиз воқеан ҳам таҳқири миллати мо аст”, гуфт Имомоғлу.

Ӯро 19 марти имсол, чанд рӯз пеш аз интихоботи ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумии Туркия боздошт карданд, ки бояд номзад ба президентӣ дар интихоботи соли 2028-ро интихоб мекард. Бо вуҷуди ҳабси Имомоғлу, ҳизбаш маҳз ӯро чун номзади худ пешбарӣ кардааст.

Мақомоти Туркия раиси шаҳри Истамбулро дар ташкил ва раҳбарии созмони ҷиноӣ, ришвадиҳӣ, қаллобӣ ба ҳангоми барпо кардани тендер ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти хусусӣ муттаҳам кардааст.

Ба ғайр аз ин Имомоғлуро инчунин дар мусоидат ба терроризм гумонбар медонанд. Ӯву се нафари дигарро дар иртибот бо Ҳизби коргарии Курдистон, як ташкилоти мамнӯъ дар Туркия муттаҳам мекунанд. Мурофиа аз рӯи ин иттиҳомҳо ҳанӯз шурӯъ нашудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳабси даҳҳо корманди шаҳрдорӣ бо гумони ришваву тамаъҷӯӣ "Рӯйдоди арзандаи китобҳои таърих". Эътирозҳои Туркия аз нигоҳи зодагони Осиёи МарказӣИдомаи эътирозҳо ба ҳимоят аз Акрам Имомоғлу дар ТуркияДар Туркия эътирози тарафдорони Акрам Имомоғлу идома дорадБоздошти Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбул