"Таҳримҳои нав ба қалби мошини ҷангии Русия зарба мезанад" - Урсула вон дер Лейен

Иттиҳоди Аврупо бастаи 18-уми таҳримҳои зидди Русияро дар робита бо ҷанги идомаёбанда дар Украина қабул кард. Ин навбат соҳаҳои нафту энержии Русия мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Урсула вон дер Лейен, раиси Комиссиюни Аврупо гуфт, “мо ба қалби мошини ҷангии Русия зарба задем. Соҳаҳои бонкдориву энержӣ, саноати ҳарбӣ ва ҳам бахши нархгузории нафтро ҳадаф қарор додем.

Фишор идома дорад ва то замоне пойбарҷо хоҳад буд, ки Путин ба ҷанг хотима набахшад”. Ҷузъиёти вобаста ба таъини нархи ҳадди аксари нафт маълум нест, вале Reuters дар нақли қавл аз чанд дипломат навишт, ки бастаи таҳримҳо нархи нафти фурӯшии Русияро то 47,6 доллар барои як бушка нигоҳ хоҳад дошт.

Таҳримҳо инчунин манъи додугирифтҳо тавассути лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ” ва таҳрими киштиҳои махфии флоти соягии Русияро дар бар мегиранд. Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, “Паём хеле рӯшан аст: Аврупо кӯмакашро ба Украина коҳиш намедиҳад.

Иттиҳоди Аврупо фишорро болои Русия то замоне, ки ҷангро хотима надиҳад, афзоиш хоҳад дод”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ройтерс: Путин то хостаашро нагирад, ҷанги Украинаро бас намекунадМӯҳлати 50-рӯза барои Путин, таҳдид бо таъруфаҳои 100-фоиза... Мавзеъгирии нави Трамп дар муқобили Русия Роҳбарони Фаронса ва Бритониё хостори таҳрими бештар алайҳи Русия шуданд