Тоҷир ҷазо гирифт, вале муштариён мунтазири ҷуброни молӣ ҳастанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳе дар Душанбе як соҳибкорро бо гуноҳи қаллобӣ ва фиреб додани чандин нафар, ба даҳуним соли зиндон маҳкум кардааст. Одинамо Давлатоваи 48-сола ба он гунаҳкор шудааст, ки бо ваъдаи овардани мошини барқӣ аз мардум миллионҳо сомонӣ ҷамъ карда, вале ба ваъдааш вафо накардааст.