Зеленский: Украина ба Русия пешниҳоди музокира додааст

Владимир Зеленский

Украина ба Русия пешниҳод кардааст, ки ҳафтаи оянда бо ҳам музокира кунанд. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод.

Ба гуфтаи Зеленский, пешниҳоди Киевро Рустам Умаров, котиби Шӯрои амният ба Русия расонд. Аммо Зеленский мушаххас нагуфт, ки Умаров кай ва дар куҷо бо намояндагони Русия вохӯрда, пешниҳоди музокира додааст.

Намояндагони Русия ва Украина то ин вақт ду маротиба дар шаҳри Истанбули Туркия гуфтугӯ кардаанд. Музокираи ахир моҳи июни имсол баргузор шуда буд. Натиҷаи ин ду даври музокирот табодули асирон ва ҷасади низомиёни кушташуда буд. Русия то ҳол ба пешниҳодҳо дар бораи оташбас мувофиқат накардааст.

Ба гуфтаи Владимир Зеленский, барои расидан ба оташбас, бояд гуфтугӯҳо бештар шаванд.

Хабаргузориҳои русии ТАСС ва "Интерфакс" аз қавли манобеашон гузориш додаанд, ки воқеан Маскав дар бораи гузарондани музокирот дар ҳафтаи оянда, аз Киев пешниҳод гирифтааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пештар ба Русия ҳушдор дод, ки агар давоми 50 рӯз бо Украина ба тавофуқ нарасанд, алайҳи Маскав ва шарикони тиҷоратиаш таърифаҳои вазнин ҷорӣ мекунад.