Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Аҳмадҷон яксола аст ва қадамҳои аввалини худро мегузорад. Абдувалӣ Давлатов ва ҳамсараш Муқаддас ӯро ҳашт моҳ пеш ба фарзандхонӣ гирифтанд. Онҳо ба ҳамдигар одат карданд, аммо як мушкил боқӣ мондааст. Волидони нав наметавонанд, ки ба Аҳмадҷон насаби худро бидиҳанд. Чаро?
Ба дасти Радиои Озодӣ чанд видео расид. Дар онҳо мақомот деҳқононро барои кишти пахта маҷбур мекунанд. Рӯзи 21-уми апрел дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои шарҳи мавзуъ мактуби расмӣ талаб намуданд.
Канори рӯдхонаи Вахш. Бунёди маконҳои истироҳатӣ дар шаҳри Норак дар авҷ аст, аммо мақомот мегӯянд, ҳар соҳибкор фақат дар фикри худу оилааш набошад. Ҳадафи ин пешниҳод рушди ҷаҳонгардӣ гуфта мешавад. Маълум нест, пазируфта хоҳад шуд ё не. Ин минтақа сад истироҳатгоҳ дорад ва аксараш хусусист.
Дар шаҳри Кӯлоб аз донишомӯзони духтар талаб шудааст, ки дар рӯзҳои иди Наврӯз либоси чакан ё атлас ба бар кунанд. Нархи як куртаи чакан аз 500 то 3 ҳазор сомонӣ будааст. Дар гузашта баъзе аз сокинон шикоят доштанд, ки мақомот завқи мардум ва тавоноии онҳоро ба назар намегиранд.
Мақомоти ноҳияи Темурмалик ваъда кардаанд, ки агар духтари англисидоне ба ҷавони як деҳаи дурдасти ин ноҳия шавҳар кунад, барояш хона медиҳанд.
Дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Хатлон роҳи аҷиби ҷалби омӯзгорони забони хориҷӣ ба мактабҳои маҳаллиро пешниҳод карданд. Мақомот ва ҳам соҳибкорони маҳаллӣ ба ҷавонони деҳа ваъда додаанд, агар ҳамсаре интихоб кунанд, ки забони хориҷӣ донаду дар мактаби деҳа дарс диҳад, ба онҳо хонаи нав медиҳанд.
Мақомоти расмӣ дар Кӯлоб зарару пайомадҳои селеро арзёбӣ доранд, ки шаби 15-уми март ба даҳҳо хона дар шаҳр осеб расонд. Бахусус ба хонаҳои мардуми камбизоат ва дастнигар, ки ҳоло намедонанд, аз куҷо пул ёбанду хонаҳои нимавайронаву намкашидаро таъмир кунанд.
"Хона зери обу лой монд. Дигар не қолин ҳаст, не кӯрпача. Ҳамаро об бурд. Дегу газ ҳам нест."
Сокинони ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик солҳост аз сифати пасти интернет ва алоқаи мобилӣ шикоят мекунанд.
Дар як оила дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон моҷарои камсобиқае сар зад. Ёдгорбӣ Собироваи 66-сола мехоҳад, пас аз 48 сол зиндагии якҷоя аз шавҳараш ҷудо шавад ва ба додгоҳ ҳам муроҷиат кардааст. Онҳо ҳашт фарзанд доранд.
Дар шаҳри Кӯлоб соли гузашта ду нафар бар асари газидани саги девона ва ё ҳорӣ ҷон додаанд. Ҳоло мақомот дар минтақа ба сокинон ҳушдор медиҳанд, ки аз сагҳои дайду эҳтиёт кунанд, чун дар ин фасл гирифтории ҳайвонот ба бемории ҳорӣ ё девонагӣ бештар мешавад.
Мақомот дар минтақаи Кӯлоб ба “безарар” кардани сагҳои бесоҳиб оғоз карда, аз сокинон хостаанд, сагҳояшонро барои пешгирӣ аз бемории ҳорӣ ё девонагӣ эм (ваксина) кунанд.
Як гӯшаи роҳи ноҳияи Данғара, ки то ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад, ба ҳадде вайрон шудааст, ки баъзе аз мошинҳо аз он ношикаставу солим берун намеоянд.
Мақомоти интизомии ноҳияи Мӯъминобод дар вилояти Хатлон дар ҷустуҷӯи шахсе ҳастанд, ки ба гумони онҳо, бинои маъмурии яке аз гӯшаҳои зебои ноҳияро оташ задааст. Соли гузашта бинои маъмурии Боғи фарҳангӣ дар маркази ноҳия оташ гирифт ва мақомот мегӯянд, тафтиши сабабҳои харобкорӣ идома дорад.
Мақомот сабаби баста шудани бозори “Ҳулбук”, яке аз калонтарин фурӯшгоҳҳои минтақаи Кӯлобро шарҳ доданд.
Мақомоти ноҳияи Восеъ сабаби бастани яке аз бузургтарин бозорҳои ноҳияро шарҳ доданд, ки онҷо рӯзона ҳазорон нафар харид мекарданд. Бештар аз 400 фурӯшандаву тоҷири бозори Ҳулбук тақрибан як моҳ аст, ки аз ҳаққи хариду фурӯш дар инҷо маҳрум шудаанд.
Дар Китобхонаи шаҳри Кӯлоб аксари китобҳо бо забони русӣ ҳастанд, чун барои харидани китобҳо бо забони тоҷикӣ маблағи кам ҷудо мешавад. Ин нуктаро намояндагони китобхона дар нишасти хабарӣ гуфтанд. Ба гуфтаи масъулин, барои хариди китобҳои нав солона аз буҷа ҳамагӣ 6 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.
Додситонии шаҳри Кӯлоб Ҳасан Тағоев, сардори пешинаи Шӯъбаи Ҳифзи муҳити зисти ин шаҳрро ба "баромадан аз ваколатҳои мансабӣ" (моддаи 316), "гирифтани пора" (моддаи 319) ва "қаллобӣ" (моддаи 247) айбдор кардааст.
Додситонӣ тафтиши парвандаи Ҳасан Тағоев, сардори пешини идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлобро ба анҷом расондааст. Тағоев ба гирифтани пора, қаллобӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонзад аст. Назари ин мансабдори пешин ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.
Ёфтҳои бештар