Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-17) миёни духтарон шуд


Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард.

Бозиҳои даври интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тайланд ва Ветнам баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола 27 даста ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил мегардад: се гурӯҳ аз чаҳор даста ва панҷ гурӯҳ аз седастаӣ иборат мешаванд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни тимҳои духтарони то 17-сола аз 13-ум то 17-уми октябри соли равон барпо мегардад. Рақибони дастаи духтарони футболбози тоҷик дертар маълум хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 4-8-уми марти имсол дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа тимҳои мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок доштанд. Мусобиқа аз рӯйи системи даврӣ сурат гирифт, яъне ҳар як даста се бозӣ анҷом дод.

Дастаи мунтахаби Узбекистон, ки аз ҳама бештар – 7 имтиёз - ба даст овард, ғолиби мусобиқа гардид ва бо Ҷоми қаҳрамонию медалҳои тилло мукофотонида шуд.

Тими Эрон бо касби 6 имтиёз соҳиби мақоми дуюм ва медалҳои нуқра гардид. Ҷойи сеюм бо 4 имтиёз насиби мунтахаби Қирғизистон шуд, ки бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ҳарсе бозӣ аз тимҳои Қирғизистону Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 0:1 ва Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷой гирифт.

Иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 барои духтарони футболбози тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-17) ба ҳисоб мерафт, ки моҳи октябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG