Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи ибтидоии парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Крокус оғоз мешавад


Латукӯби бераҳмонаи гумонбарон ба ҷиноят шубҳаи зиёдеро дар бораи парванда барангехтааст.
Латукӯби бераҳмонаи гумонбарон ба ҷиноят шубҳаи зиёдеро дар бораи парванда барангехтааст.

Додгоҳе низомие дар вилояти Маскав имрӯз ба муҳокимаи ибтидоии парвандаи 19 нафар гумонбар ба тарҳрезиву анҷоми ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокусро оғоз мекунад.

Хабаргузории давлатии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Додгоҳи низомии ғарби вилояти Маскав навиштааст, ки муҳокима паси дарҳои баста сурат мегирад ва барои таъмини амнияти маҳалли додгоҳ тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ андешида мешаванд.

Дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус дар канори Маскав дар рӯзи 22-уми марти соли 2024 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд. Дар умум мақомоти Русия 19 нафарро ба анҷоми ин ҳамла муттаҳам мекунанд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар он замон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт, аммо мақомоти Русия гуфтаанд, ки муҳоҷирони тоҷик ҳамлаи террористиро бо амри Хадамоти махсуси Украина анҷом додаанд. Иддаое, ки ин кишвар рад кардааст.

Шеваи боздошту латӯкуби бераҳмонаи чор муҳоҷири тоҷик баъди ҳамла, сабаби хашми мардум шуд ва ин шубҳаву гумонро барангехт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба гардан гирифтаанд.

Маъмурони амниятии Русия вақти боздошт гӯши яке аз муттаҳамонро бурида ва дигариро ба ҳадде зада буданд, ки ӯро дар аробаи маъюбон ва беҳушу беёд ба додгоҳ оварданд. Гумонбари дигар порчае аз селофан дар гардан дошт, ки умдатан барои нафасгир кардан истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG