Тоҷикистон минбаъд аз нуриҳои минералӣ, химиявӣ ва азотие, ки аз Узбекистон оварда мешаванд, боҷи воридотӣ меситонад.
Ин нукта дар як санади дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбекистон зикр шудааст. Радиои Озодӣ 21-уми июл бо муҳтавои ин созишнома ошно шуд.
Дар ин санад гуфта нашудааст, ки гирифтани боҷ аз нуриҳои минералии Узбекистон аз кай оғоз мешавад ва ҳаҷми он чӣ қадар хоҳад буд?
Бар асоси ин санад, минбаъд Узбекистон ҳам аз сементи Тоҷикистон боҷи гумрукӣ меситонад. Аммо ҳаҷми боҷи таъинкардаи Узбекистон барои сементи Тоҷикистон ҳам эълон нашудааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс", моҳи ноябри соли 2024 хабар дода буд, агар то аввали моҳи ноябр гумруки Узбекистон аз ҳар тонна сементи Тоҷикистон 35 доллар боҷ мегирифт, пас ҳоло аз ҳар тонна 300 доллар талаб дорад.
Хабари ҷорӣ шудани боҷ барои нуриҳои минералии воридшуда аз Узбекистон барои деҳқонони тоҷикистонӣ метавонад хабари нохуш бошад. Чун як қисми асосии нуриҳои минералӣ мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Узбекистон оварда мешуд. Тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон солона аз Узбекистон то 100 ҳазор тона нуриҳои минералӣ ворид мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки сабаби ҷорӣ кардани боҷ барои нуриҳои минералӣ ва семент чист? Пештар расонаҳо гузориш доданд, ки зиёд кардани боҷи гумрукӣ барои сементи Тоҷикистон, эҳтимол бо машварати корхонаҳои истеҳсоли сементи Узбекистон анҷом шудааст. Тоҷикистон яке аз интиқолдиҳандагони асосии семент ба Узбекистон ба ҳисоб меравад.