Дар чанд ҷумла
Вакилони қирғиз соҳиби силоҳ хоҳанд шуд

Эгамбердӣ Эрматов, муовини раиси кумитаи ахлоқи мансабдорон, гуфт, бар асари тарҳи Келдибеков, раиси парлумон гирифтани силоҳро фақат ба вакилоне иҷозат хоҳад дод, ки ҳаёташон зери хатар қарор мегирад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Чор нафар дар Истаравшан зери хок мондаанд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони шаҳри Истаравшан ҳангоми кандани хандақ зери хок мондаву яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин афрод замоне зери хок монданд, ки саргарми кандани хандақ буданд ва баногаҳ хоки азим болояшон сарозер шуд.
Аз ин ҳодиса се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони шаҳри Истаравшан интиқол дода шуданд.
Манбаъ мегӯяд, ки дар кори наҷоти зерихокмондагон афсарони бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Истаравшан ҳамроҳ бо сокинон саҳм доштаанд.
Шахси ҳалокшуда дар ин ҳодиса як сокини 31-солаи маҳаллаи Навоӣ, кӯчаи Очил Абдураҳмон буд.
Захмиён сокинони кӯчаи Турсунзодаи маҳаллаи Навоии шаҳри Истаравшан буда, ду нафарашон 31-сола ва як нафари онҳо 21-сола мебошад.
Сабаби ҳодиса риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор гуфта шудааст.
Нашрияи "Фараж" дигар чоп намешавад

Ҳафтаномаи «Фараж» дар Тоҷикистон пас аз бист соли нашр дигар ба шакли рӯзнома ба дасти хонанда намерасад ва ҳайати эҷодии ин нашрия фаъолияти худро дар саҳифае бо номи «Фараҳ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук пеш мебаранд.
Хуршеди Атовулло, муассиси ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак» рӯзи 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мо мехоҳем, шакли корро дигар кунем, шакли тарғибро дигар кунем фоида нест аз газета аз баҳри нашри чопӣ алъон гузаштем. Номашро аз «Фараж» ба «Фараҳ» баргардон кардем.”
Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла дар Фейсбук гузоришҳое нашр шуд ва дар он мегуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон нашрияҳои «Фараж» ва «Самак»-ро бастаанд. Аммо Хуршеди Атовулло, муассиси нашрияҳо ин хабарҳоро рад кард ва гуфт, қароре дар бораи баста шудани «Фараж» ва «Самак» содир нашудааст.
Вай афзуд «Фараж», ки як гиёҳи бисёр талх аст, пас аз 20 сол дигар «Фараҳ», яъне хушҳолӣ шуд. Ба гуфтаи хабарнигори тоҷик, нашрияи «Самак» 226 нусха чоп мешуд ва хароҷоти ҳафтаинааш 1800 сомонӣ буд. Сардабири нашрияҳо мегӯяд давраи тиллоии «Фараж» солҳои 2007-2012 буд, ки он замон наздики 15000 нусха нашр мешуд. Ӯ афзуд: “Имрӯз “Самак” 226 дона теъдоди нашр дораду «Фараж» наздики дуним се ҳазор. Акнун бубинед, маоши кормандон, иҷора, интернет, техника ба замми ин ҳама қимати гарони чоп.”
Нахустин шумораи «Фараж» рузи 22 декабри соли 2005 ба чоп расида буд.
Боз шудани фазои Афғонистон убури ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистонро кам кард

Боз шудани фазои Афғонистон убури ҳавопаймоҳо аз осмони Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳиза кам кардааст.
Лоиқ Бегиҷонзода, директори корхонаи "Тоҷикраэронавигатсия" 23-юми июл гуфт, то соли 2024 фазои Афғонистон танҳо 20-30 дарсад боз буд ва ҳавопаймоҳои хориҷӣ бартарӣ медоданд, ки аз фазои Тоҷикистон убур кунанд.
Аммо ба гуфтаи Бегиҷонзода, имсол фазои Афғонистон пурра боз шуд ва убур (транзит)-и ҳавопаймоҳо аз фазои Тоҷикистон қариб 7 ҳазор парвоз кам шуд.
Бо кам шудани убури ҳавопаймоҳо аз фазои Тоҷикистон, даромади корхонаи "Тоҷикаэронавигатсия" дар нимаи аввали имсол 52 дарсад кам шудааст.
Ин корхона дар ним сол 122 миллион сомонӣ даромад гирифтааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 52 дарсад камтар будааст.
Лоиқ Бегиҷонзода афзуд, ки онҳо талош доранд бо боз кардани кардани хатсайрҳои нав, даромади корхонаро зиёд кунанд.
Кумита: "Муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ" 272 иншоот сохтанд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давоми солҳои истиқлол, аз ҳисоби "муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ" дар кишвар 272 иншоот, аз ҷумла, боғча, мактаб, ошхона, меҳмонхона ва толорҳои варзишӣ, бунёд шудааст
Шарифҷон Ҷумазода, раиси Кумитаи рушди маҳал рӯзи 23 июл зимни нишасти хабарӣ маблағи ин иншоотҳоро 500 миллион сомонӣ гуфт.
Ба гуфтаи Ҷумазода, соли равон дар кишвар боз 127 иншооти дигар бо маблағи беш аз 336 миллион сомонӣ аз ҳисоби "ҳамватанони бурунмарзӣ", сохта мешавад.
Вай дар зимни шарҳи "ҳамватанони бурунмарзӣ" гуфтааст, "онҳо фақат муҳоҷирони меҳнатӣ набуда, зодагони Тоҷикистонанд, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд ва дар он ҷо будубош мекунанд".
Муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия солҳои дароз заҳмат мекашанд, яке аз муҳаррикони асосии иқтисоди Тоҷикистон дониста шуда, дар солҳои охир ҳамзамон ба ободгарони диёру зодгоҳашон табдил ёфтаанд.
Боздошти як мансабдор дар Суғд барои аз худ кардани 4,3 млн сомонӣ пули буҷа

Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд барои аз худ кардани беш аз 4 миллиону 386 ҳазор сомонӣ маблағи будҷа, боздошт шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, хабар дод.
Манбаъ мегӯяд, бар пояи тафтиши пешакӣ, Абдуллозода А. бо мутахассиси ин раёсат, як шаҳрванди ин минтақа ва 5 роҳбари ширкатҳои хусусӣ, ин миқдор аз маблағи будҷаро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо, аз худ кардаанд.
Ин маблағ барои барои беҳтар намудани вазъи заминҳои кишоварзӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2023-2024, ҷудо шуда буд.
Оҷонсӣ мегӯяд, ки зарари ошкоршуда пурра ба давлат баргардонида шуд ва парванда ҷиноятии Абдуллозода ва шариконаш барои баррасӣ ба додгоҳ рафт.
Вуҷуди фасод дар идораҳои Тоҷикистон дар гузашта борҳо мавриди танқид қарор гирифтааст.
Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баъзе аз ҷаласаҳо рӯирост ба мақомот гуфтааст, ки "медонад, онҳо ба чӣ кор машғуланд" ва мисол ҳам овардааст.
Бисту ҳашт кишвар амалкарди Исроил дар Ғаззаро сахт танқид карданд

Бисту ҳашт кишвари ҷаҳон бо шумули Бритониё, Ҷопон бо нашри як баёнияи муштарак дар рӯзи душанбе гуфтанд, ки ба ҷанг дар Ғазза “бояд ҳамин ҳоло поён дода шавад”.
Дар баёнияи вазирони умури хориҷии 28 кишвар омадааст, “ранҷи мардуми ғайринизомии Ғазза ба сатҳи наве расидааст”. Онҳо ҳамчунин “қатли ғайринсонии мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдаконеро, ки дар ҷустӯҷуи обу ғизо, ниёзҳои аввалияи инсонӣ ҳастанд” маҳкум кардаанд.
Дар баёния марги 800 нафареро, ки ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза ва Дафтари Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ҳангоми талош барои гирифтани кӯмакҳои башарӣ ҷон додаанд, “ваҳшатангез” хонда, Исроилро барои маҳрум кардани мардуми осоишта аз кӯмакҳои ҳаётии башарӣ танқид кардаанд ва хостаанд, ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад.
Вазорати умури хориҷии Исроил баёнияи танқидии 28 кишварро рад кард ва гуфт, ки он “аз воқеият канда шудааст ва паёми хатое ба Ҳамос мефиристад.” Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Исроил, ин Ҳамос аст, ки бо напазируфтани тарҳи пешниҳодии созиши оташбаси мувақаттӣ ва раҳо кардани гаравгонон, ҷангро дароз мекунад.
Ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 ва баъд аз он оғоз шуд, ки гуруҳи Ҳамос бо ҳамла ба ҷануби Исроил 1200 нафарро кушт ва 251 каси дигарро гаравгон гирифт. То кунун 50 гаравгони дигар дар Ғазза мондаанд ва бовар меравад, камтар аз нисфи онҳо зинда бошанд. Созмони Ҳамосро Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо созмони террористӣ мешуморанд.
Интиқоли пул ба Тоҷикистон дар се моҳ 66 дар сад зиёд шудааст

Бино ба омори тозаи Бонки Авруосиёии Рушд, интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол 66 дар сад афзуда ба 1.8 миллиард доллар расидааст. Дар як баёнияи кӯтоҳи ин бонк дар Телеграм омадааст, ки афзоиши пулҳои интиқолӣ, қимати баланди тиллои содиротӣ сабаби тақвияти қурби сомонӣ пули миллии Тоҷикистон шудааст.
Ба гуфтаи Бонки Авруосиёии Рушд, ки Русия аз бунёдгузорони асосии он аст, аз аввали имсол қурби сомонӣ дар баробари доллар 12.5 дар сад ва то аввали моҳи июл 3.3 дар сад боло рафтааст. Ба қавли бонки мазкур, афзоиши қурби сомонӣ сабаби коҳиши таваррум шудааст, ки моҳи июн ба 3.6 дар мерасид ва дар муқоиса бо моҳи май поинтар аст.
Иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирони корӣ сахт вобаста аст, ки солона ба кишвар садҳо миллион доллар мефиристанд ва беҳтар шудани зиндагии хонаводаҳои худ ва ҳамингуна пешрафти иқтисоди кишвар саҳм мегузоранд. Айни замон муҳоҷирати зиёд, сабаби норасоии мутахассисон дар Тоҷикистон, дурии хонаводаҳо аз ҳам, афзудани мушкилоти иҷтимоӣ ва дигар мушкилоти зиёд дар ҷомеа шудааст.
Мақомот: Мадина Ҳалимова аз "рашк" фарзандонашро ба дарё андохт

Мақомот дар Фархор мегӯянд, ки Мадина Ҳалимова аз сабаби "рашк", фарзандони худро ба дарё андохтааст. Ҳодиса ҳудуди 25 рӯз пеш рух дода буд.
Хуршед Раҳмонзода, муовини додситони ноҳияи Фархор, рӯзи 22 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, "омили ба дарё партофтанаш рашк будааст ва ҳоло худаш дар боздошт аст ва тафтишот идома дорад".
Додситон дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ҳоло танҳо нисбати худи Мадина Ҳалимова парванда боз шудааст.
Мақомот дар бораи ин қазия бинобар идомаи тафтишот, маълумоти бештар намедиҳанд.
Шаби 29 ба 30-уми июн Мадина Ҳалимова, модари 27-солаи чаҳор тифли хурдсол, ки хурдӣ семоҳа ва бузургӣ 5-сола буд, чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Сурхоб андохт.
Чаҳор фарзандаш ғарқ шуда ҷон додаанд, вале худаш зинда монд. Ӯро бо иттиҳоми қатли кӯдаконаш боздошт карданд. Ҷасади се тифлашро пайдо кардаанд, ҷустӯҷуи яке дигар идома дорад.
Баъди фоҷиа ҳадсу гумон зиёд буд, шуд, ки Мадина Ҳалимова, гӯё аз рашк ба ҳамсар ва ба сабаби ҷанҷолҳои хонаводагӣ ба чунин кор даст задааст, вале хонаводаи Қудратулло Шарифов, ҳамсари Мадина Ҳалимова дар суҳбати катбӣ бо Радиои Озодӣ, фарзияи "баҳси хонаводагӣ ва доштани зани дуюм"-ро рад кард.
Онҳо гуфтанд, ки Мадина Ҳалимова мушкилоти равонӣ доштааст ва ӯро мунтазам барои "табобату дуохонӣ" мебурданд ва дар гузашта ҳам як бародараш даст ба худкушӣ зада будааст.
Ин ҳодиса дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳоеро ба миён овард.
Идораи Омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз марги ин чор кӯдаки хурдсол, ки модарашон онҳоро ба рӯдхона андохт, изҳори нигаронии амиқ кард ва аз ҷомеа ва мақомот хост, барои муҳофизати кӯдакон тадбирҳои бештар биандешанд.
Дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам талоши худкушии модар ва бо худ ба рӯдхона андохтани фарзандонашон рух дода буд. Соли 2021 Шаҳло Шарифоваи 31-сола аз ноҳияи Панҷакент аввал се кӯдакаш -- Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро ба дор овехта кушт ва сипас худашро.
Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд.
Дар ноҳияи Вахш ҳам як модари ҷавон ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шуд.
Ба гуфтаи мақомот, сабаби аксари ин фоҷиаҳо хушунати хонаводагӣ будааст.
Дар идораҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргар намерасад

Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар мақомоти давлатии Тоҷикистон 4 ҳазору 102 коргар намерасад.
Дар ин бора Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл дар як нишасти хабарӣ баён дошт. Ӯ гуфт, "ба ҳисоби миёна, имрӯз ба ҳар як мансаби холӣ 0,6 довталаб рост меояд".
Идрисзода эътироф кард, ки ҳолатҳои дар як мансаб зиёд кор кардани бархе мансабдорон ҷой доранд, аммо таъкид кард, ки ин ба норасоии кадрӣ, вобаста аст.
Ба иттилои манбаъ, хидматчиёни давлатӣ бо озмун ба кор қабул шуда, бояд аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ огоҳ бошанд, забон донанд, бо компютер кор карда тавонанд ва таъриху фарҳанги миллиро хуб донанд.
Изҳороти раиси Оҷонсӣ дар ҳолест, ки солҳои ахир на танҳо корхонаҳои давлатӣ, балки бархе аз ширкату коргоҳҳои хусусӣ ҳам ба камбуди коргар рӯбарӯ ҳастанд. Аммо бо он, ки шумори бекорон дар кишвар зиёд аст, бархеи онҳо наметавонанд коргар пайдо кунанд.
Мақомот барои таъмини мардум бо шуғл, сари ҳар чанд вақт ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ташкил мекунанд. Аммо корҷӯён мегӯянд, ки ба далели кам будани маош, ба чунин ярмаркаҳо таваҷҷуҳи зиёд надоранд.
Дар Душанбе 2 наврасро аз модар гирифта, ба интернат супурданд

Дар шаҳри Душанбе бо қарори додгоҳ ду наврасро аз модарашон гирифта, онҳоро ба мактаб-интернат додаанд.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри ин хабар гуфт, шаҳрванд Тағоева М., ки модари ду кӯдаки хурдсол аст, фарзандонашро ба талбандагию оворагардӣ маҷбур мекард ва аз ин ҳисоб манфиати пулӣ ҳам ба даст меовард.
Назари модари ноболиғон ба ҳарфҳои мақомот маълум нест.
Ин бори аввал нест, ки дар Душанбе фарзандонро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернати давлатӣ медиҳанд.
Моҳи июни имсол ду наврасро аз модарашон ҷудо карда, ба интернат доданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ду наврас аз сӯи модарашон, ки зиндагии носолим дошт, ҳамеша мавриди азияту озор қарор мегирифтанд.
Кодекси оилаи Тоҷикистон ба мақомот иҷозат медиҳад, ки дар сурати аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон набаромадани волидайн, кӯдаконро аз онҳо гирифта, ба мактабҳои давлатӣ диҳанд. Дар ин ҳолат волидайн аз ҳаққи падару модарӣ пурра маҳрум карда намешаванд.
Обуна ба саҳифаҳои тарафдори Украина сабаби манъи вуруд ба Русия шудааст

Сарҳадбонони Русия барои обуна шудан ба саҳифаи гуруҳҳои тундрав ва ҳам шабакаҳои тарафдори Украина, чандин шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистонро ба Русия роҳ надодаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС баъди омӯзиши чанд парванда гузориш додааст.
Ба қавли манбаъ, дар яке аз парвандаҳо омадааст, дар вақти тафтиши телефони шаҳрванди Тоҷикистон Дилшоди А. муайян шуд, ки ӯ ба саҳифаи яке аз гуруҳҳои мамнуъ дар Ютуб обуна шуда, инчунин наворҳои таблиғотии зидди Русияро тамошо кардааст. Ӯро барои ҳамин ба Русия роҳ надодаанд. Дар хабар гуфта нашудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба саҳифаи кадом гуруҳ обуна шудааст.
Айни кор бо як шаҳрванди Узбекистон сурат гирифтааст, ки ӯро ҳам барои тамошои наворҳои яке аз блогерони тундрав ба Русия роҳ надода ва аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум кардаанд. Номи ин блогер нашр нашудааст.
ТАСС менависад, чанд нафари дигар барои обуна шудан ба саҳифаҳои тарафдори Украина ва маҳкум кардани ҷанги Русия алайҳи Украина дар паёмакҳо, аз сарҳади Русия бозгардонда шудаанд.
Ба гузориши ин хабаргузорӣ, дар ним соли ахир дастикам 20 шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистон аз қарори сарҳадбонон дар бораи манъи вурудашон ба Русия шикоят кардаанд. Аммо ба гузориши ТАСС, додгоҳ ҳамаи ин даъворо рад ва қарори марзбониро дуруст ҳисобидааст. Тафтиши муҳоҷирони тоҷик ба Русия баъди ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус" дар моҳи марти соли 2024 зиёд шуд.
Раиси Оҷонсӣ: мансабдорон баъди нафақа ба ҳаҷ раванд

Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, мақомдорони давлатӣ беҳтар аст баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод.
Раиси Оҷонсӣ гуфт, қонунгузорӣ барои рафтани хизматчиёни давлатӣ барои адои маносики ҳаҷ маҳдудияте пешбинӣ накардааст, вале ба назари шахсии ӯ, мансабдорон баъди ба нафақа баромадан ин корро анҷом диҳанд хубтар аст.
"Хизматчии давлатӣ бояд вазифаи худашро иҷро кунад, ин фикри шахсии ман аст. Вақте дар мақомоти давлатӣ кор кардӣ, дар хизмати давлатӣ кор кардӣ бояд содиқона, сидқану шаффоф ба давлату миллат хизмат кунӣ. Баъд аз он, ки ба нафақа баромаданд, аз хизмати давлатӣ озод шуданд, марҳамат рафтанд гиранд,"-афзуд Илёс Идрисзода.
Ин посух дар ҳоле садо медиҳад, ки миёни кормандони идораҳои давлатӣ чунин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо рафтан ба ҳаҷ, эҳтимоли аз кор озод шуданашон ҷой дорад. Роҳбари Оҷонсии хизмати давлатӣ гуфт, дар ин мавзуъ аз хизматчиёни давлатӣ ягон шикоят нагирифтаанд.
Чанд тан аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон борҳо дар ҷараёни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, ҳамроҳи раиси ҷумҳур ҳаҷҷи умраро адо кардаанд.
Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунанд, ки пули сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" ба мисли сохтани пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.
Ҳар сол беш аз шаш ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мераванд.
"305 ҳазор сомонӣ гирифт." Боздошти корманди пулис ва "шарикони ҷиноятпешааш"

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Раёсати кофтукоби ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Наимов Д.М. "қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар асоси маслиҳати пешакӣ бо якчанд шарикони ҷиноятпешаи худ" аз наздикони ду боздоштшуда 305 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Наимов ва шариконаш наздикони ду нафарро бо он тарсондаанд, ки нисбати хешовандонашон бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир парванда мекушоянд. Ҳол он ки ба иттилои Оҷонсӣ, корманди Раёсати кофтукоби ҷиноӣ медонист, ки нисбати шаҳрвандон М.А. ва Ф.Р. ягон маводи санҷишӣ дар даст надоранд.
Оҷонсии зидди фасод гуфтааст, нисбати Наимов ва дигарон бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми калон ва баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ парванда кушодаанд. Аммо мақомот дар бораи дигар боздоштшудагон маълумот надодаанд. Парвандаи ин афрод ба додгоҳ ирсол шудааст.
Фасод яке аз мушкилиҳои асосӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Тоҷикистон ва Узбекистон барои ду маҳсулоти ҳамдигар боҷ ҷорӣ карданд

Тоҷикистон минбаъд аз нуриҳои минералӣ, химиявӣ ва азотие, ки аз Узбекистон оварда мешаванд, боҷи воридотӣ меситонад.
Ин нукта дар як санади дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбекистон зикр шудааст. Радиои Озодӣ 21-уми июл бо муҳтавои ин созишнома ошно шуд.
Дар ин санад гуфта нашудааст, ки гирифтани боҷ аз нуриҳои минералии Узбекистон аз кай оғоз мешавад ва ҳаҷми он чӣ қадар хоҳад буд?
Бар асоси ин санад, минбаъд Узбекистон ҳам аз сементи Тоҷикистон боҷи гумрукӣ меситонад. Аммо ҳаҷми боҷи таъинкардаи Узбекистон барои сементи Тоҷикистон ҳам эълон нашудааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс", моҳи ноябри соли 2024 хабар дода буд, агар то аввали моҳи ноябр гумруки Узбекистон аз ҳар тонна сементи Тоҷикистон 35 доллар боҷ мегирифт, пас ҳоло аз ҳар тонна 300 доллар талаб дорад.
Хабари ҷорӣ шудани боҷ барои нуриҳои минералии воридшуда аз Узбекистон барои деҳқонони тоҷикистонӣ метавонад хабари нохуш бошад. Чун як қисми асосии нуриҳои минералӣ мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Узбекистон оварда мешуд. Тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон солона аз Узбекистон то 100 ҳазор тона нуриҳои минералӣ ворид мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки сабаби ҷорӣ кардани боҷ барои нуриҳои минералӣ ва семент чист? Пештар расонаҳо гузориш доданд, ки зиёд кардани боҷи гумрукӣ барои сементи Тоҷикистон, эҳтимол бо машварати корхонаҳои истеҳсоли сементи Узбекистон анҷом шудааст. Тоҷикистон яке аз интиқолдиҳандагони асосии семент ба Узбекистон ба ҳисоб меравад.
Путин ба Тоҷикистон сафар мекунад

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи октябри имсол бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Ин маълумот дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон барои нимаи дуюми соли 2025 нашр шудааст. Радиои Озодӣ 20-уми июл бо ин санад шинос шуд.
Ҷузъиёти бештари сафари Путин ба Душанбе маълум нест. Мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи ин сафар расман чизе нагуфтаанд.
Дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон омадааст, дар моҳи октябр дар Душанбе нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ва вохӯрии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ+Русия баргузор мешаванд. Зоҳиран яке аз ҳадафҳои сафари Путин ба Душанбе ширкат дар ин ҳамоишҳост.
Владимир Путин бори охир соли 2022 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ин аввалин сафари Путин баъди ҳамлаи Русия ба Украина буд. Дар ҷараёни он ягон санад имзо нашудаааст. Бар пояи таҳримҳои байнулмилал президенти Русия танҳо ба чанд кишвари ҷаҳон сафар карда метавонад. Додгоҳи байнулмилал дастури боздошти ӯро барои ҷиноятҳои ҷангӣ ва зиддибашарӣ дар Украина содир намудааст.