Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои тоҷик дар "Шоми бокс" пирӯз шуданд


22-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи муштзанҳои касбӣ («IBA.Pro 8») бо номи «Шоми бокс» баргузор шуд.

Дар набарди асосии “Шоми бокс” дар Душанбе («Winline. IBA.PRO 8») муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов бар намояндаи Камерун Кристофер Муафо аз рӯи қарори доварон пирӯзӣ ба даст овард.

Қаҳрамони Осиё дар соли 2019 ва соҳиби медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2023 Баҳодур Усмонов муқобили рақибаш унвони қаҳрамони IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабукро дифоъ кард. Инчунин дар ин набард, ки аз 10 раунд иборат буд, муштзани тоҷик соҳиби камарбанди WBO Intercontinental гардид.

Муштзани ҳаваскор ва касбии тоҷик Баҳодур Усмонови 27-сола дар вазнҳои сабук ва якуми миёна рақобат мекунад. Вай дар бокси ҳирфаӣ 11 ғалаба ба даст оварда, то ҳоло мағлуб нашудааст.

Ёдовар мешавем, Усмонов қаблан моҳи майи соли равон дар Душанбе Алберт Пагараи филиппиниро барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ шикаст дода, унвонҳои IBA.PRO Intercontinental ва WBA Gold-ро дар вазни сабук соҳиб шуда буд.

Кристофер Муафои 29-сола бошад, моҳи сентябри соли гузашта камарбанди WBO Global-ро ба даст овардааст. Вай дар бокси ҳирфаӣ дар маҷмуъ 13 рақобат анҷом дода, дар 11-тоаш пирӯз гаштааст.

Ҳамчунин дар “Шоми бокс” дар Душанбе ҷоизадори Бозиҳои олимпии соли 2024 ва қаҳрамони Бозиҳои 19-уми осиёӣ Давлат Болтаев аз Тоҷикистон барои унвони IBA.PRO Intercontinental бо муштзани Нигерия - Соломон Адебайо дар набарди 8-раунда рақобат кард. Қувваозмоӣ дар раунди аввал бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ба суди муштзани тоҷик хотима ёфт.

Ин ҳафтумин пирӯзии Давлат Болтаев дар бокси касбӣ ба шумор меравад ва ӯ то ҳоло шикастнопазир аст. Адебайо бошад, дар бокси ҳирфаӣ пас аз 14 пирӯзӣ бори аввал ба шикаст мувоҷеҳ шуд.

Моҳи майи имсол Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” дар Душанбе бо Закари-Серж Мвого Амугу аз Камерун дар вазни сангин (+90,7 кг) рақобат карда буд. Қувваозмоӣ дар раунди дуюм бо пирӯзии муштзани 26-солаи тоҷик бо нокаути фаннӣ хотима ёфт. Болтаев соҳиби камарбанди IBA.Pro гардид. Вай дар ҳамаи ҳафт рақобаташ дар бокси касбӣ дастболо шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи барномаи асосии «IBA.PRO 8» финалисти мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2021 аз Русия Вадим Мусоев (13-0-0) барои камарбанди IBA.PRO Intercontinental дар вазни то 67 кило бар муштзани Мексика Хосе Мигел Боррего (22–5-0) бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.

Дар “Шоми бокс” дар Душанбе, инчунин муштзанҳои тоҷик – Некрӯз Салимов (2-0) дар вазни то 80 кило бар Абдулазиз Абдуфаттоев (3-1) аз Узбекистон ва Акмал Убайдов (8-0) дар вазни 57,2 кило бар Тайфур Алиев (3-1) аз Озарбойҷон - бо қарори якдилонаи доварон ғалаба карданд.

Рақобати аввали муштзани тоҷик Дамир Муйбалихонов дар бокси ҳирфаӣ дар вазни то 59 кило бо Георгий Капанадзе аз Гурҷистон мусовӣ шуд.

XS
SM
MD
LG